Имрӯз довталабони лотереяи “Корти сабз” (Green Card) дар Тоҷикистон кам нестанд, аммо на ба ҳар кас муяссар мегардад, ки дар ин бахтсанҷӣ бурд кунад. Ҳар сол ҳудуди 700 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кору иқомат дар Амрико тариқи “Корти сабз” роҳ меёбанд. Ду соли охир сабти лотереяи Green Card барои иштирок бо шиносномаи хориҷӣ сурат мегирад.
Муаллифи доимии Your.tj Нуралӣ Карим имрӯз барои Шумо аз саргузашти ҷавони тоҷик, ки тариқи Green Card ба Амрико рафт ва ҳоло онҷо кору зиндагӣ мекунад, нақл мекунад.
Муҳофиз-тарҷумони меҳмонхонаи Суғд
Кайхусрав Усмонов соли 1990 дар вилояти Суғд ба дунё омадааст. Вай хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, соли 2015 пас аз бурди “Корти сабз” ба Амрико рафтааст.
Ӯ аз соли дуюми таҳсил дар шикратҳои сайёҳӣ ба ҳайси роҳбалад – тарҷумон фаъолият мекард. Кори асосиро аз меҳмонхонаи Суғди шаҳри Хуҷанд ба ҳайси муҳофиз оғоз кардааст. Дар баробари таъмини бехатарӣ дар меҳмонхона Кайхусрав инчунин бештари вақт ба меҳмонони хориҷӣ ба ҳайси тарҷумон хизмат мерасонид.
Кайхусрав баъд аз чанд ҳафтаи ба Амрико рафтан
Кайхусрав соли 2013 дар интихоботи президентии Тоҷикистон ба мушоҳидони байналмилалӣ аз дафтари САҲА тарҷумонӣ кардааст. Ҳамчунин ду маротиба ба сафири Амрико дар Тоҷикистон Сусан Еллиот (Susan Elliott) ҳангоми сафарҳои корияш ба вилояти Суғд ба ҳайси тарҷумон хизмат кардааст. Сатҳи забондонии ангилисии ӯ дараҷаи олӣ-касбӣ мебошад ва инчунин забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва испаниро медонад.
Таҳсили ноком ва бурди Green Card
Соли 2013 зимни таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Кайхусрав тариқи онлайн худро дар лотереяи Green Card сабт мекунад. Қоидаи қабули довталабон дар ин бахтсанҷӣ ин аст, ки як сол пеш худро номнавис мекунанд. Кайхусрав моҳи октябри соли 2014 огаҳӣ меёбад, ки “Корти сабз” буридааст ва аз пайи ҷамъоварии ҳуҷҷатҳояш мешавад.
“Дар рафти ҳуҷҷатгузорӣ мушкиле пеш наомад, чун ман забонро хуб медонистам ва дар тарҷумаву омодакунии коғазҳо машаққате накашидам. Аммо, мутаассифона, аз сабаби бо худ нусхаи аслии чанд ҳуҷҷатро ҳамроҳ надоштам ва дар шаҳри Алма – атои Қазоқистон, ки онҷо шаҳрвандони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон барои гирифтани Green Card аз сӯҳбат мегузаранд, аз марҳилаи аввал нагузаштам. Баъдан пас аз як моҳ аз нав ҳамроҳи оилаам аз сӯҳбат гузаштем”. – мегӯяд, Усмонов.
Ҳуҷҷатҳои Кайхусрав
Аз фурӯшандагӣ то муҳосибӣ дар Вашингтон
Кайхурав 23-юми октябри соли 2015 аввалин маротиба ба Амрико, кишвари орзуҳои аксари ҷавонон, сафар мекунад. Ӯ ду-се ҳафтаи аввал дар мағозае ба ҳайси фурӯшанда корро оғоз мекунад. Соати кориаш 8 доллар буд ва ҳафтае 40 соат кор мекард.
Вақте аз меъёр зиёд кор мекарданд корхона то ду маротиба зиёд барои ҳар як соати изофӣ музд медод. Баъдан моҳи ноябри соли 2015 ӯ дар меҳмонхонаи чорситорадори “Melrose Georgetown Hotel”-и шаҳри Вашингтон ба ҳайси мутахассиси қабули мизоҷон (Front Desk Agent) ба кор медарояд.
Кайхусрав бо ҳамкорон
Сипас баъд аз як соли фаъолият дар меҳмонхона моҳи майи соли 2016 Кайхусравро ба вазифаи мутахассиси бахши фармошӣ (‘reservation agent’) гузарониданд. Соли 2017 ҳамчун ёрдамчии муҳосиби корхона фаъолият кардаст. Баъдан Кайхусравро барои кор дар вазифаи муҳосиб роҳбарияти меҳмонхонаи Moxy DC-и Вашингтон даъват мекунанд. Айни ҳол қаҳрамони мо дар ҳамин меҳмонхона фаъолият дорад.
Кайхусрав бо ҳамкорон
Корекатураи Обама ва “Расми хуби тоҷиконро гум макун…”
Дар ИМА ҳоло ҳудуди 7 ҳазор муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд, ки аксарияти эшон ба тариқи бурди Green Card он ҷо роҳ ёфтаанд. Green Card – ҳуҷҷати тасдиқкунанда буда, ба шахс мақоми доимӣ медиҳад ва ҳуқуқҳои хориҷиёнро барои зиндагӣ дар Иёлоти Муттаҳида шабеҳи шаҳрвандони худ мегардонад.
Оид ба имкониятҳои Green Card дар қаламрави ИМА Кайхусрав Усмонов чунин гуфт: “Дорандаи “Корти сабз” имконият дорад, ки ҷойи корашро иваз кунад ё ҳар ҷое, ки дар Амрико писандаш аст бе ягон маҳдудият ба монанди шаҳрвандонаш ҳаракат кунад. “Корти сабз” барои ҳаёт эътибор дорад, аммо зарур аст то ҳар як 10 сол аз нав таҷдид ва нав шавад. Ҳамчунин соҳибони Green Card метавонанд барои гирифтани шаҳрвандии ИМА дархост пешниҳод кунанд”.
Кайхусрав дар меҳмонӣ
Амрико кишвари пешрафта, озод ва демократӣ аст. Ӯ вақте соли 2015 аввалин бор назди Кохи Сафед меравад, мебинад, ки сокинон дар назди панҷараҳои қаср карикатураҳои Барак Обама, президенти он вақтаи ИМА-ро боло карда аз сиёсати пешгирифтааш норизогӣ мекунанд. Ин манзара барои Усмонов хеле таъсир мегузорад.
“Амрико кишвари имкониятҳост, зеро инҷо шарт нест, ки ҳатман шумо бояд соҳиби диплом ё ошнои боломақом дошта бошед. Инҷо ба заковати инсон аввалиндараҷа аҳамият медиҳанд, – мегӯяд Кайхусрав. – Фарқияте надорад, ки ту сафедпӯст ё сиёҳпӯст, мусулмон ё ғайримусулмон, зан ё мард, амрикоӣ ё бритониёӣ ҳастӣ, инҷо муҳим қобилият ва заковати ту ба кор меояд. Бинобар ин ҳар касе, ки талабгори омадан ба Амрико аст, бояд чанд нуқтаро хуб донад”. – таъкид мекунад, тоҷикбачаи муқими Амрико.
Ба назари Усмонов бояд шахс пеш аз сафар ба ИМА бояд ҳатман забони англисӣ ва ихтисоси бозогирро пурра омӯзад, чун инҷо пора ё восита ҷой надорад.
Дар Амрико ҳастанд шахсоне, ки донишгоҳҳои кишварашонро бо ихтисоси муҳандис, дандонпизишк ё баҳисобгирии муҳосибӣ хатм кардаанд, аммо аз надонистани забони англисӣ онҷо ба ҳайси ронандаи таксӣ ё боркашон фаъолият доранд. “Донистани забони русӣ дар ин кишвар суде надорад, чун як дӯстам аз Украина дар Бонки марказии Украина ҳамчун молиячӣ фаъолият мекард, аммо инҷо ҳоло фаррош шуда рӯз гузаронида истодааст,” – мегӯяд ӯ.
Ба нақли Кайхусрав тоҷикони Амрико расми хуби тоҷиконро гум накардаанд ва байни худ равуо доранд. Дар маросиму идҳо сари як дастурхон ва оши палов бо ҳам ҷамъ меоянд. Инчунин таъкид дошт, ки мардуми амрикоӣ – ботамаддуну маданиятноканд ва аз шахси муқобили худ ин тавр буданро талаб мекунанд.