Даргузашти боз як табиби тоҷик аз коронавирус

20 ноября 2020 Даргузашти боз як табиби тоҷик аз коронавирус

39 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус

Ба ҳолати шоми 16-уми ноябр бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 39 нафар ба бемории коронавирус гирифтор шудаанд. Шумораи умумии гирифторони ин беморӣ ба 11649 нафар расид. Аз оғози пандемия то имрӯз 85 нафар фавтидаанд. Шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10019 нафар баробар шуд.

Даргузашти боз як табиби тоҷик аз коронавирус

Сардухтури бахши дандонпизишки Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов” Анвар Хуҷамуродов, бо гумони бемории сироятии нави коронавирус дар синни 50-солагӣ аз олам даргузашт.

Номбурда дар беморхонаи сироятии воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон бистарӣ буда, рӯзи 14-уми ноябр даргузашт. Ӯ соҳиби чор фарзанд буда, беҳтарин табиб дар касби худ будааст.

Билети парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон ба таври онлайнӣ низ ба фурӯш мебароянд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, чиптаҳои парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба фурӯши озод гузошта шуд.

Ба иттилои манбаъ, чиптаҳоро аз нуқтаҳои расмии фурӯш, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар шаҳрҳои гуногуни Русия ташкил кардаанд, харидорӣ кардан мумкин аст. Ҳамзамон, ин ниҳод аз зарурати оғози барвақти низоми фурӯши онлайнро таъкид кард.

“Бо сабаби набудани зарурат ба тартиб додани рӯйхати гурӯҳҳои осебпазири шаҳрвандони Тоҷикистон барои шомил шудан ба парвозҳои содиротӣ, кори комиссияҳои махсуси назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва консулгариҳои генералии кишвар дар Русия боздошта мешавад”, – илова кард Вазорати корҳои хориҷии кишвар.

Арзиши чипта барои парвозҳои яктарафаи бозгашт ба ватан (аз Русия ба Тоҷикистон) 395 евро мебошад.

ВКД: Эшони Сироҷиддинро мо боздошт накардаем

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки Эшони Сироҷиддин ё  Сироҷиддин Абдураҳмоновро ин ниҳод боздошт накардааст. Дафтари матбуоти ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфт, ки Сироҷиддин Абдураҳмонов аз сӯйи кормандони ВКД ё зерсохторҳои ин ниҳод боздошт нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки Радиои Озодӣ бо истинод ба пайвандони Эшони Сироҷиддин хабар дода буд, ки ин руҳонии маъруф аз сӯйи “маъмуори интизомӣ” бо худ бурда шудааст. Ҳамчунин ин манбаъ гуфтааст, ки “китобу компютераш”-ро низ бурдаанд.

То кунун боздошти ин руҳонии маъруфро ҳеч ниҳоди интизомие расман таъйид накардааст. Талошҳои “Азия-Плюс” барои таъйиди ин хабар дар ниҳодҳои дигари интизомии Тоҷикистон бенатиҷа анҷомид.

Генерал Навҷувонов писар ва ду ҷиянашро ба аскарӣ фиристод

Генерал-майор Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд писар ва ду ҷиян: бародарзода ва хоҳарзодаашро ба хизмат дар сафи Артиши кишвар фиристод.

Навҷувонов, баландтарин мақомдори ВКД дар вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, ки дар пайи иҷрои дастури раисиҷумҳур ба иқдоме даст задааст, ки то ҳанӯз  дар миёни мансабдорони баландмақом камназир аст.

Камолиддин Ҳазратзода, як масъули Комиссариати ҳарбии Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, генерал Навҷувонов ба ҳисоби писараш,  се тан аз пайвандонашро, барои хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар сафарбар намуд.

“Навҷувонов писар ва ду ҷиянашонро ба бинои Комиссариат оварда гуфтанд, ки инҳо омодаанд, ки барои ҳифзи  Ватан ба хизмат раванд. Ҳатто таъкид карданд, ба кадом қисми ҳарбии кишвар лозим бошад, фиристонед”, гуфт Ҳазратзода.

Роҳпаймоии милисаҳои Хатлон ба хотири Эмомалӣ Раҳмон

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Хатлон бахшида ба Рӯзи Президент раҳпаймойӣ ташкил кардаст.  Хабарнигори “Азия-Плюс” аз Бохтар хабар додааст, ки кормандони мақомоти милиса ва гурӯҳи ҷавонон роҳпаймоиро аз кӯчаи Норинов шуруъ карда то назди муҷасамаи Исмоили Сомонӣ идома доданд. Дар масири ин роҳпаймоӣ мошинҳои хидматии милиса, ки дар шишаҳояшон расмҳои Эмомалӣ Раҳмон насб шуда буд ҳаракат кардаанд.

Миёни Панҷакенту Самарқанд роҳи оҳан сохта мешавад

Дар назар аст то ҷашни 30-солагии истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон байни шаҳри Панҷакенти вилояти Суғди Тоҷикистон  ва Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҳи оҳан бунёд шавад.

Ин нуктаро Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар як ҷаласаи вижа, рӯзи 11-уми ноябр дар шаҳри Панҷакент иброз доштааст.

‌“Мо бо вазири саноат ва технологияҳои нав маслиҳат кардем. Нақша омода шудааст ва айни замон дар ҷустуҷӯи сармоягузор ҳастем. Дар оянда тариқи ин роҳи оҳан мо метавонем маҳсулоти худро ба хориҷ барорем. Дар ноҳияи Айнӣ конҳои ангишт ҳаст, мо метавонем ангишти ин ноҳияро ба берун содирот  кунем. 20 киллометрашро мо, боқимондаашро худи давлати ҳамсояи Ӯзбекистон бунёд мекунад”, – гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.

Қарзи корхонаҳои давлатии Тоҷикистон аз андоз меафзояд

Дар зарфи 9 моҳ ба буҷети давлатии Тоҷикистон зиёда аз 646 млн сомонӣ (ҳудуди 63 млн доллар) камтар маблағ аз пардохти андоз ворид шуд. Қариб ҳамаи қарздорон корхонаҳое мебошанд, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар идора мешаванд.

Бино ба маълумоти Кумитаи андоз, дар ин давра аз пардохти андоз ба буҷет ба ивази беш аз 8,1 млрд сомонии пешбинишуда наздики 7,5 млрд сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки 7,9% кам мебошад.

Камшавии пардохти маблағи андоз дар навбати аввал ба андозсупорандагони бузург нисбат дода мешавад, ки воридоти маблағ аз онҳо ҳамагӣ 53%-и нақшаро ташкил додааст.

Афзоиши қарз аз андоз дар соли ҷорӣ дар навбати аввал аз ҳисоби андозсупорандагони бузурге чун ҶСК “НБО Сангтӯда-1” (115,6 млн сомонӣ), ҶСК “НБО Роғун” (43,2 млн сомонӣ), ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик» (22 млн. сомонӣ), ҶСК «Тоҷиктелеком» (18,8 млн сомонӣ), фурудгоҳу ширкатҳои ҳавопаймоӣ (67,8 млн сомонӣ) ва ғайра ба вуҷуд омадааст.