Дар 9 моҳ ширкатҳои мобилии Тоҷикистон 1,9 млрд сомонӣ даромад гирифтаанд

20 ноября 2020 Дар 9 моҳ ширкатҳои мобилии Тоҷикистон 1,9 млрд сомонӣ даромад гирифтаанд

Дар 10 моҳи охир қарзи берунаи Тоҷикистон 275 млн доллар афзудааст

Қарзи берунаи Тоҷикистон то 1 октябри соли равон ҳудуди 3 млрд 163 млн долларро ташкил дод, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ. Аввали сол он ба 2 млрд 888 млн доллар баробар буд.

Беш аз 95% дар сохтори қарзи берунаи Тоҷикистон – зиёда аз 3 млрд 18 млн доллар ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хизматрасонии ҳукумати кишварро таъмин мекунад.

Қарзҳо бо кафолати давлатӣ дар сохтори қарзи беруна 91,1 млн доллар ва қарзи корхонаҳои давлатӣ, ки кафолати ҳукуматро надоранд, 31,5 млн долларро ташкил медиҳанд.

Қарзҳои Бонки миллии Тоҷикистон ба Хазинаи байнулмилалии асъор, Чин, Бонки исломии рушд ҳамагӣ ба 22,5 млн доллар баробар мебошад.

Нафақа 31 сомонӣ зиёд шудааст, на 15 дарсад!

Пас аз зиёд шудани нафақа дар Тоҷикистон, бештари бознишастагон (нафақахӯрон) дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз он нигаронӣ намуданд, ки баъди гирифтани он, нафақаи онҳо мисли қаблӣ дода шуд ё чанд дарсади зиёдшудаи он ба дасти онҳо нарасидааст.

Тибқи мушоҳида чунин ҳолатҳо зиёд буда, ба идораи  “Азия-Плюс” низ модари Бобоев А. кӯдаки 6-солаву 8-моҳаи маъюб муроҷиат намуда, гуфт, ки нафақаи фарзандаш зиёд нашудааст: “Ба шуъбаи нафақа дар ноҳияи Фирдавсӣ рафта, сабаби зиёд нашудани нафақаи писари маъюбамро пурсон шудам. Дар посух масъулон гуфтаанд, ки нафақа барои кӯдакони то 12-сола зиёд нашуд. Дигар чизе нагуфта берун шудем”.

Дар мавриди масъалаи мазкур аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар асоси фармони президенти кишвар аз 4 августи соли равон таҳти № 1580 кӯдакони маъюби то 18-сола (ба ғайр аз модароне, ки даҳ фарзанд таваллуд, намуда, онҳоро то синни 8-солагӣ тарбия намудаанд), ба андозаи 50 фисади ҳади ақали нафақаҳои меҳнатӣ аз рӯи синну сол зиёд карда шуд. Ин ниҳод мегӯяд, ки зиёд нашудани нафақаи кӯдакони маъюби то синни 12-сола асос надорад.

Ҳамчунин аз маълумоти пешниҳодии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҶТ бармеояд, ки дар Тоҷикистон андозаи нафақа на аз ҳисоби ҳаҷми умумии он, балки аз ҳисоби ҳадди аққали нафақа зиёд шудааст. Ҳадди аққали нафақа дар Тоҷикистон 207 сомонӣ мебошад. Яъне нафақаи бознишастагон 15 дар сад танҳо аз ҳизоби ҳамин 207 сомонӣ зиёд шудааст.

Мисол: Салимов С. То 1 сентябри соли 2020 ҳаҷми нафақааш 420 сомонӣ буд. Пас аз 1 сентябр соли 2020 нафақааш чунин зиёд шуд: 15% аз 207 (ҳадди ақали нафақа) = 31,05 сомонӣ +420 = 451,05. Мешавад хулоса кард, ки нафақа ҳамагӣ 31,05 сомонӣ зиёд шудааст.

Дар 5 ноҳияи Суғд Маркази ташхиси коронавирус ташкил мешавад

Дар ноҳияҳоиАшт, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Истаравшан ва Панҷакенти вилояти Суғд марказҳои ташхиси бемории коронавирус ташкил хоҳад шуд.

Ин тавофуқ рӯзи гузашта зимни мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷабой Аҳмадзода бо намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон  Бахтигул Карраева ва муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Самараддин Ализода  ҳосил шудааст.

Бино ба гуфтаи сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода ноҳияҳои Ашт, Ғафуров,  Исфара, Панҷакент, Истаравшан ва Панҷакент аз  минтақаҳои осебпазир дар ин вилоят маҳсуб мешаванд, аз ин хотир   дар ин ноҳияҳо чунин марказҳо  таъсис дода мешаванд.

Даргузашти полковники 56-сола, сардори Раёсати оташнишонии вилоят

Ҳафиз Юсуфӣ, сардори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд, субҳи имрӯз дар синни 56-солагӣ аз дунё даргузашт

Манобеъ аз РХДО Суғд бо таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, Юсуфӣ на бемории илтиҳоби шуш дошту на вируси карона, балки рӯзҳои охир аз бемории фишорбаландӣ ранҷ мекашид.

“Беш аз даҳ рӯз ба ин тараф аз бемории фишорбаландӣ дар Бемористони шаҳрии № 1-и Хуҷанд табобат мегирифтанд, вале имрӯз ҷон ба Ҳақ таслим намуданд. Имрӯз соати 11 дар шаҳраки Бӯстони Масчоҳ маросими ҷанозаашон баргузор шуд, ба ҳисоби пайвандон ҳамкорон аз ҷумла генерал Навҷувонов, сардори РВКД низ иштирок карданд. Худо раҳматашон кунад, роҳбари хубе буданд”, – зикр намуд манбаъ.

Хадамоти алоқа: даромади операторони алоқаи мобилӣ афзуд

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон 1 млрд 860 млн сомонӣ даромад гирифтаанд

Даромади операторони хусусии алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон давоми 9 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 82 млн сомонӣ (7,2 млн доллар) афзудааст.

Бино ба маълумоти Хадамоти алоқа, моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ операторони хусусӣ 1 млрд 860 млн сомонӣ даромад гирифтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 4,6% зиёдтар аст.

Ҳиссаи операторони хусусии мобилӣ дар бахши алоқаи Тоҷикистон 94%-ро ташкил медиҳад.

Даромади оператори миллии алоқа (“Тоҷиктелеком”), КВД “Почтаи тоҷик”, инчунин дигар воҳидҳои Хадамоти алоқа баръакс, ба андозаи 25% кам шудааст: аз 146 млн сомонӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли гузашта то ба 110 млн сомонӣ дар 9 моҳи соли равон.

Ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ шумори корбарони интернет дар Тоҷикистон зиёда аз 3,1 млн муштариён ва шумори корбарони алоқаи мобилӣ – қариб беш аз 6 млн нафарро ташкил дода, ҳудуди 5,3 млн нафари онҳо муштариёни фаъол мебошанд

Дар бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон 4 ширкати зерин мавқеи асосӣ доранд: ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (Tcell), ҶСП «ТТ-Мобайл» (МегаФон Тоҷикистон), ҶСП «Вавилон Мобайл» ва ҶДММ «Таком» (ZetMobile, собиқ Beeline).

40 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус

Ба ҳолати шоми 17-уми ноябр бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 40 нафар ба бемории коронавирус гирифтор шудаанд. Шумораи умумии гирифторони ин беморӣ ба 11689 нафар расид. Аз оғози пандемия то имрӯз 85 нафар фавтидаанд. Шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11061 нафар баробар шуд.