Саёҳат кунед: "Сомон Эйр" ба сохтмончиёни "Роғун" парвозҳои ройгон ҳадя кард

29 ноября 2018 Саёҳат кунед: "Сомон Эйр" ба сохтмончиёни "Роғун" парвозҳои ройгон ҳадя кард

Шикати ҳавоӣ ба 103 корманди нерӯгоҳ гувоҳнома додааст, ки метавонанд тавассути он ба кишварҳои гуногун парвози ройгон анҷом диҳанд

 Ширкати ҳавоии "Сомон Эйр" дар ҳошияи ба кор даромадани агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун ба 103 корманди нерӯгоҳ гувоҳномаи парвози бепул супоридааст, ки тариқи он метавонанд ба гӯшаҳои гуногуни дунё сафар кунанд.

Тавре маркази матбуоти ширкати ҳавоӣ хабар медиҳад, мӯҳлати истифодаи гувоҳнома то охири соли 2019 аст. Ҳамчунин аз хизматрасонии ройгони "Сомон Эйр" агар худи корманд истифода карда натавонад, хешовандонаш метавонанд истифода баранд.

Ёдрас мешавем, аввалин агрегати нерӯгоҳи Роғун 16-уми ноябр ба истифода дода шуд.

Ба ин муносибат раисҷумҳури Тоҷикистон ба беш аз 100 корманди нерӯгоҳ мукофотҳои давлатӣ дод.



Read more: sputnik-tj.com, фото - © Фото : Аз равобити умумии БМТ