СЕ ҶАВОНМАРД АЗ БАРНАУЛ ЗАНИ ТОҶИКИ ҲИҶОБПӮШРО ДАР МАСКАВ АЗ ҲАМЛАИ ЯК МАРДИ МУСАЛЛАҲ НАҶОТ ДОДАНД

11 октября 2020 СЕ ҶАВОНМАРД АЗ БАРНАУЛ ЗАНИ ТОҶИКИ ҲИҶОБПӮШРО ДАР МАСКАВ АЗ ҲАМЛАИ ЯК МАРДИ МУСАЛЛАҲ НАҶОТ ДОДАНД

Шоми ҷумъа, 9 октябр, як зани муҳоҷир аз Тоҷикистон, ки дар сар ҳиҷоб дошт, ҳангоме ки аз ҷои кораш дар Маскав ба сӯи истгоҳ дар кӯчаи Верейская мерафт, ҳадафи ҳамлаи як марди мусаллаҳ бо корд қарор гирифтааст. Ин марди ношинос дар як макони беодам ба зани тоҷик ҳамла карда, мехост ӯро корд бизанад, вале хушбахтона, муваффақ нашудааст. Зан бо тамоми овоз фарёд бардошта, кумак хостааст ва се ҷавонмард аз Барнаул ба кумаки ӯ расида, ҳамлагарро ба замин хобонда, дастонашро бастаанд ва ба пулис супурдаанд. Пулис ҳамлагарро боздошт карда, ба зиддаш парвандаи ҷиноӣ кушодааст.

Ин се ҷавонмард аз Барнаул, ки зани тоҷикро аз ҳамла наҷот доданд, инҳоянд:

1. Шмаков Дмитрий Андреевич

2. Долматов Константин Юрьевич

3. Фомичев Евгений Александрович

Иззат Амон, роҳбари Маркази тоҷикон дар Маскав хабар дод, ки ин се ҷавонмарди ғайюр шоми ҷумъа роҳии фурудгоҳ буданд, то ба Барнаул баргарданд, вале ба ин ҳодиса гирифтор шуда, аз ҳавопаймои худ дер кардаанд ва чиптаҳояшон сӯхтааст. Онҳо ҳоло дар Маскав дар меҳмонхона буда, барои харидани чиптаҳои нав барои бозгашт ба Барнаул пул надоштаанд.

Иззат Амон аз муҳоҷирони тоҷик ва ҳамаи мусалмонон хоҳиш кард, ки ба некии ин се марди рус, ки зани тоҷики муҳаҷаббаро аз ҳамла наҷот доданд, бо некӣ ҷавоб гардонанд ва барои харидани чипта ба онҳо кумак расонанд.

Рақами корти Сбербанк: 4276 0201 5095 6156

Евгений Фомичев

Идораи сомонаи «Ахбор» низ дар ин амри хайр ҳамроҳ шуд ва ба ҳисоби ин се ҷавонмарди ғайюр аз Барнаул 10 ҳазор рубл интиқол дод.

Izzat Amon

Ассаламалейкум братья и сестры.

Информация по нашей сестре, которая стала жертвой фашиста.

Краткая история:

Два дня назад, приблизительно в 17.30, наша сестра вышла с работы и хотела дойти до остановки Верейской улицы Москвы.

В безлюдном месте фашист догнал ее, и с ножом напал на неё. По счастливой случайности он не смог поранить нашу сестру.

Она со всей силой начала кричать и звать на помощь. К счастью, поблизости находились ребята приехавшие на работу в Москву из Барнаула. Они то и помогли нашей сестре связать злоумышленника до прихода полиции.

Если бы не эти ребята, то наверное последствия нападения были бы плачевными.

Сейчас фашист находится в отделение полиции. В отношении него возбуждено уголовное дело.

Дело в том, что у ребят из Барнаула были билеты в руках и они в это время спешили в аэропорт. Из за этого случая они опоздали на рейс. Соответственно, билеты были аннулированы.

Сейчас ребята находятся в гостинице и у них нет финансовой возможности второй раз приобрести билеты.

Добро всегда возвращается.

Давайте поможем нашим барнаульским братьям приобрести билеты. Ведь они на рейс опоздали из - за нашей сестры.

Внизу и выкладываю банковскую карту одного из этих ребят, которые спасли нашу сестру.

Номер карты: 4276 0201 5095 6156

Евгений Фомичев

Друзей прошу поделиться.

Джазакаллах.

.facebook

akhbor.com