Субҳи имрӯз барои нахустин бор бо супориши раисиҷумҳур Шавкат Мирзиёев тамоми қувваҳои мусаллаҳи Узбакистон бо бонги хатари санҷишӣ ба по хезонда шуданд
Вазорати дифои Узбакистон мегӯяд, санҷиши сартосарии омодагии қувваҳои мусаллаҳ 5 рӯз дар 4 марҳила давом хоҳад кард.
Тибқи иттилои РИА Новости ҳадафи ин машқҳо санҷиши омодагии дастгоҳи марказии Вазорати дифоъ барои идораи нерӯҳои мусаллаҳ дар ҳолатҳои ҷангӣ ва сатҳи омодагии низомиён мебошад.
Вазорати дифои Узбакистон таъкид намудааст, ки чунин санҷиши сартосарии омодагии ҷангии нерӯҳои мусаллаҳ бори аввал дар кишвар гузаронда мешавад.
Ахиран Узбакистон ҳамсояҳоро аз нияташ барои санҷиши сартосарӣ огоҳ карда, изҳор дошт, ки ин иқдом алайҳи ҳеч давлате равона нашудааст.
Вазорати умури хориҷии Узбакистон дар нотааш ба ҳамсоякишварҳо таъкид намудааст, пойбанди уҳдадориҳои қаблияш дар назди кишварҳои дигар буда, санҷиши омодагии ҷангии артиш алайҳи ҳеч кишваре равона нашудааст.
“Ҳадафи санҷиш баҳогузории омодагии ҷангии қувваҳои мусаллаҳи Узбакистон барои ”, - омадааст дар нотаи Вазорати умури хориҷии ин кишвар.
Read more: sputnik-tj