Афзоиши диндорӣ ва коҳиши тарғиби дунявият: генерал Умаров 5 сабаби ифротгароиро ном бурд

26 ноября 2018 Афзоиши диндорӣ ва коҳиши тарғиби дунявият: генерал Умаров 5 сабаби ифротгароиро ном бурд

Мансурҷон Умаров, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, зимни соати парлумонӣ дар мавзӯи ифротгароии ҷавонон 5 омили густариши ин зуҳуроти хавфнокро ном бурд

Тибқи суханронии Умаров, ки нашрияи парлумонии “Садои мардум” нашр кардааст, ноиби аввали раиси КДАМ аз қавли  коршиносон омили аввали ифротигароиро баланд гардидани сатҳи диндории ҷомеа хондааст:

“Раванди умумии баланд гардидани сатҳи диндории ҷомеа, таблиғу ташвиқи бесобиқаи арзишҳои диниву мазҳабӣ, инчунин, афзоиши таълимоти ибтидоии динӣ дар синни хурдсолӣ, ки  мафкураи ҷавононро ба дингароӣ моил месозанд”, - изҳор доштааст генерал Умаров.

“То як андоза канораҷӯйӣ намудани ниҳоду сохторҳои салоҳиятдор аз таъмин ва тарғиби ҳаёти дунявӣ, паст рафтани сатҳу сифати чорабиниҳои фаҳмондадиҳиву тарбиявӣ, бетарафӣ зоҳир намудани қисме аз аҳли илму зиё ва фарҳанг, ки дар натиҷа, дар мафкураи ҷавонон холигии ғоявиро ба вуҷуд оварда, ба пур кардани он бо идеологияи динии ифротӣ мусоидат мекунад”, - афзудааст ӯ.

Дар мавриди омили сеюм муовини аввали раиси КДАМ изҳор доштааст, ки “бо дарназардошти истифодаи васеи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷониби насли ҷавон, паҳнкунандагони идеологияи диниву ифротӣ ин имконияти мусоидро ба манфиатҳои худ васеъ истифода менамоянд”.

Муҳоҷирати меҳнатиро Умаров сабаби чоруми ҷалби ҷавонон ба созмонҳои ифротӣ хондааст.

“Раванди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони тоҷик дар баробари доштани паҳлуҳои мусбат боиси он мегардад, ки муҳоҷирон дар муҳити бегона зери таъсири гурӯҳу шабакаҳои ифротӣ қарор гирифта, ба созмонҳои террористӣ ҷалб шаванд”, - изҳор доштааст ӯ.

Ниҳоят муовини раиси КДАМ таҳсили ғайрирасмии диниро ном бурдааст, ки барои ифротигароӣ мусоидат мекунад.

“Новобаста аз татбиқ намудани чорабиниҳои мушаххас, ҳоло ҳам теъдоди муайяни ҷавонон дар кишварҳои исломӣ бо таҳсили ғайрирасмии динӣ фаро гирифта шудаанд, ки барои таблиғгарони созмонҳои террористӣ заминаи муносиб фароҳам месозад”, - таъкид намудааст Умаров.

Зимни соати парлумонӣ, муовини раиси КДАМ инчунин омори дақиқи тоҷикистониён дар ДОИШ, синну сол ва вилояту навоҳии баромадашонро эълон кардааст. Ба иттилои ӯ, то сентябри соли 2018 шумораи умумии ҷангиёни ба ном “Давлати исломӣ” аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 1899 нафарро ташкил медиҳад.

“Тибқи таҳлилҳо, аз теъдоди умумии аъзои гурӯҳу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ 424 нафарро шаҳрвандони аз 35 то 40 — сола, 367 нафарро аз 30 то 35 — сола, 917 нафарро аз 25 то 30 — сола, 696 аз 20 то 25 — сола ва 39 нафарро аз 17 то 20 — сола ташкил медиҳанд”, - гуфтаст ӯ.

Ба иттилои Умаров миёни шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шомили ин ташкилоти террористӣ шудаанд, аз шаҳри Душанбе — 239 нафар, минтақаи Бохтари вилояти Хатлон — 253 нафар, аз ҷумла, ноҳияи Кушониён — 67, Қубодиён — 74, Шаҳритуз -76, Ҷ.Балхӣ — 36 нафар, минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон — 136 нафар, аз ҷумла, шаҳри Кӯлоб — 99, ноҳияи Фархор — 37 нафар,  вилояти Суғд — 264 нафар, аз ҷумла, шаҳри Исфара — 111, Истаравшан — 84, Бӯстон — 12 ноҳияи Спитамен — 35, Конибодом — 22 нафар ва аз ВМКБ, ноҳияи Ванҷ - 37 нафар, аз НТМ — 328 нафар, аз ҷумла, шаҳри Ваҳдат — 128, Турсунзода — 39 нафар, ноҳияи Рӯдакӣ — 107 ва Шаҳринав — 54 нафар мебошанд.

Ба гуфтаи ноиби аввали раиси КДАМ, барои интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон ба Сурия ва Ироқ асосан ҳудуди Туркия тавассути шаҳрҳои сеюм - Маскав, Бишкек, Дубай ва Боку истифода мешавад.

Ноиби аввали раиси КДАМ афзуд, то ҳол 76 шаҳрванди  Тоҷикистон, ки ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ алоқамандӣ доштанд, ба Ватан баргардонида, нисбат ба 51 нафар огоҳии расмӣ эълон шудааст.  Ӯ афзудааст, ки  1739 айбдоршаванда мавриди кофтукоб қарор доранд.

Мансурҷон Умаров мушкили дигарро дар он хондааст, ки дар баробари ҷангиёни алоҳида, шумораи зиёди оилаҳо дар Сурияву Ироқу Афғонистон қарор доранд ва пас аз кушта шудани саробонашон бесоҳиб монда, занҳо аз даст ба даст гашта, кӯдакон зери таъсири ташкилотҳои террористӣ қарор мегиранд.

Раёсати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар пайи суханронии масъулини мақомоти қудратӣ аз онҳо даъват кардаанд, ки дар бахши мубориза бо ифротигароӣ ҳамкорӣ бо аҳолиро густариш диҳанд.



Read more: sputnik-tj, фото - © Sputnik / Максим Богодвид