Мақомоти Русия имрӯз эълон дошт, ки аз 1 августи соли равон парвозҳои байналмилалӣ дубора барқарор хоҳанд шуд
Михаил Мишустин, нахуствазири Русия субҳи имрӯз дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, ки аз санаи 1 августи соли равон парвозҳои байналмилалӣ аз шаҳрҳои Маскав, вилояти Маскав, Санкт-Петербург ва Ростов лаби Дон барқарор хоҳанд шуд.
“Тасмим гирифта шуд, парвозҳои байналмилалӣ дубора барқарор шаванд. Дар тасмими худ, мо ба вазъи эпидемиологӣ, нишондиҳандаҳои сироятёбӣ ва омилҳои мутақобил такия кардем. Аз 1 август парвозҳо аз фурудгоҳҳои шаҳри Маскав, вилояти Маскав, Санкт-Петербург ва Ростови лаби дон сурат мегиранд”, - гуфт Михаил Мишустин, сарвазири Русия.
Вай ҳамчунин таъкид доштааст, ки ин иқдом имкон медиҳад шаҳрвандони Русияро, ки дар кишварҳои мухталифи дунё бино бар паҳншавии вируси корона банд монда буданд, ҳарчӣ зудтар зудтар ба Ватан баргардонанд.
Read more: https://sputnik-tj.com/world/20200724/1031631363/Rusiya-elon-kard-az-kay-parvozhoi-baynalmilali-barkaror-meshavand.html