Боздошти раиси суди Гулистон ва корманди Додгоҳи олӣ: ду ҳазор доллар пора гирифтаанд

25 июля 2020 Боздошти раиси суди Гулистон ва корманди Додгоҳи олӣ: ду ҳазор доллар пора гирифтаанд

Ёдгорзода Наргис, раиси суди шаҳри Гулистон ҳамроҳи Насритдинзода Муродбек, судя ва Раҷабов Абдухалил, сармутахассиси суди Олӣ ҳангоми гирифтани пора аз сӯи Раёсати мубориза коррупсия дар вилояти Суғд дастгир шудаанд

 Дар ин бора, зимни нишасти матбуотӣ аз Раёсати Агентии мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд ба рӯзноманигорон иттилоъ доданд. Ин ниҳод, ҳолати даст ба порагирӣ задани ин се корманди сохтори судиро дар рӯзи 13-уми декабри соли 2019 ошкор намудааст.

“Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ, муайян карда шуд, ки Насритдинзода Муродбек, дар вазифаи судяи суди шаҳри Гулистон кор карда, истода, санаи 26 сентябри соли 2019 дар асоси маслиҳати пешакӣ бо раиси суди шаҳри Гулистон Ёдгорзода Наргис аз намояндаи қонунии шаҳрванд, Мизробов Ш., барои омода ва ирсол намудани парвандаи гражданӣ, 2000 доллар маблағ талаб намуда, санаи 13-уми декабри соли 2019 тибқи нақшаи қаблан таҳрезишуда Ёдгорзода Н. ба воситаи миёнрав, сармутахассиси суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷабов Абдухалил маблағи 2000 доллар -ро ба сифати пора аз намояндаи қонунии шаҳрванд Мизробов Ш., талаб намуда гирифтааст” - гуфта шудааст дар иттилоия Раёсат.

 Масъулини Раёсати Агентии мубориза бо фасод дар Суғд гуфтанд, ки Ёдгорзода Н., Насритдинзода М. ва Раҷабов А., раиси суди шаҳри Гулистон, судя ва сармутахассиси суди Олӣ ба ин далел аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 319 қисми 3 - Кодекси ҷиноӣ, парванда оғоз карда шуда ва тафтишот идома дорад.

 Ба иттилоъи манбаъ соли 2019 дар вилояти Суғд 505 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодиии характери коррупсионидошта ошкор карда шудааст ва 124 аз ин шумора, ҷиноятҳои вазнин гуфта мешавад.