Рӯзи дуюми Мактаби ҳуқуқшиносони ВАО анҷом ёфт. Имрӯз, 7 июл як қатор мавзӯҳои муҳиме аз ҷониби устодон ва донандагони соҳаи ҳуқуқ барои иштирокчиёни мактаб тавзеҳ дода шуд.
Ранжет Ятимов
Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси ТҶ “Хома” дар мавриди ҳуқуқу уҳдадориҳои журналист зимни фаъолияти касбӣ ва ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ барои таъсиси ВАО ба иштирокчиёни Мактаби маълумот манзур намуд. Вай гуфт, қонунгузорӣ мушаххас намудааст, ки муҳлати амали иҷозатномаҳо 5 сол мушаххас шудааст, на камтар аз он. Бинобар ин, набояд иҷозат аз ин муддат камтар дода шавад.
Қироншоҳ Шарифзода
Қироншоҳ Шарифзода, раиси ТҶ «Журналист» ба иштикрочиёни мактаби ҳуқуқӣ дар мавриди зарурати ба миён омадани Шӯрои ВАО, меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон барои иштирокчиён маълумот дод. Ба қавли Шарифзода, ҷомеаи журналистии Тоҷикистон ба хотири танзими риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон ниҳоди ҷамъиятии Шӯрои ВАО -ро таъсис дод.
Умрилло Меликов
Мавсуф қайд намуд, ки аллакай аз таъсиси ин ниҳод даҳ сол сипарӣ гардид. Моҳи декабри соли 2008 чанд нафар намояндагони ВАО-и тоҷик дар зимни сафари Аврупо, бо вазъи худтанзимкунии ВАО-и ҳамкасбони олмонӣ ошно шуданд ва тасмим гирифтанд таҳия, қабул ва роҳҳои тадбиқи Кодекси одоби ВАО-ро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кунанд. Ҳамин тариқ, моҳи майи соли 2009 гуруҳи журналистони тоҷик ба намояндагӣ аз ВАО-и кишвар, масъалаи таҳия ва қабули Одобнома ё Кодекси одоби журналистонро мавриди баррасӣ қарор дода, октябри соли 2009 санади худтанзимкунии “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”-ро таҳия ва қабул намуданд.
Сарвар Холиқзода
Умрилло Меликов, доктори илмҳои ҳуқуқ масоили ҳуқуқи эътирофи муаллифият ба асари офаридашуда, ҳуқуқи истифода ё иҷозати истифодаи асар бо номи ҳақиқии муаллиф, тахаллус, ҳуқуқи интишор ё иҷозати интишори асар, ҳуқуқи ҳифзи асар, ҳуқуқи дахлнопазирии асар, ҳуқуқи истифода ё иҷозати истифодаи асар бо номи ҳақиқии муаллиф ва дигар мавзӯҳои марбут ба ин самтро рушан намуд.
Иноят Иноятов
Муроҷиати шахсӣ ва истифода аз ВАО дар кишвар роиҷ буда, ҳамарӯза дар саҳфаҳои гуногуни ВАО мо шоҳиди муроҷиатҳои шаҳрвандон дар масъаллаҳои мухталиф мегардем. Ба ин хотир яке аз бахшҳои муҳими рӯзи дуюми Мактаби ҳуқуқшиносони ВАО ба ин масъалла бахшида шуда буд, ки дар ин хусус Сарвар Холиқзода, Сардори раёсати қонунгузории асосҳои сохтори конститусионӣ, мудофиа ва амнияти Вазорати адлия суҳбат кард.
Сарвар Холиқзода вобаста ба навъҳои муроҷиат, муҳлат, талабот оид ба муроҷиат, муҳлати баррасии муроҷиат ба иштирокчиён маъумоти васеъ пешниҳод намуд.
Нигина Баҳриева
“Танзими ҳуқуқии ҳуқуқ ба хаёти шахсӣ, ҳифзи ҳуқуқи сирри ҳаёти шахсӣ доир ба парвандаҳои иттилоотӣ”- яке аз мавзӯҳои рӯзи дуюми Мактаби ҳуқуқшиносони ВАО буд, ки дар ин хусус адвокат Иноят Иноятов маълумот дод. Иноятов таъкид намуд, ки маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда мешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун нишон дода шудааст. Инчунин дар бораи хаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот тибқи қонунгузорӣ манъ аст.
Ба ҳаёти шахсии инсон ва оилаи ӯ муҳити зист ва манзили истикоматӣ, шаъну шараф ва эътибор, дахлнопазирии психикӣ ва ҷисмонии шахс, суратҳо, расмҳои шахсӣ ва дигар аксҳои инсон, иттилоот дар бораи вазъи саломатӣ, иттилоот дар бораи қобилияти шаҳвонӣ, иттилоот дар бораи хислат ва хусусияти шахс, мукотибот, андеша ва мулоҳизаҳои шахсӣ, одат ва дигар хислатҳои инфиродии инсон шомил ҳастанд.
Вобаста ба ҳуҷатҳои байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи озодии изҳори ақида, аз ҷумла, Эъломияи Ҳуқуқи Башар ва Паймони байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ Нигина Баҳриева, роҳбари фонди ҷамъиятии “НОТАБЕНЕ” иттилоъ дод.
Дар доираи мавзӯҳои зикргардида, корҳои гурӯҳӣ ва машғулиятҳо ташкил шуда, ҳамзамон, иштирокчиёни мактаб бо пешниҳоди суолҳо ба донишҳои ҳуқуқии хеш афзӯданд.