Сарпараст Рустами Эмомалӣ: 50 пайрави фаъоли Пешво хусусиятҳои роҳбариро меомӯзанд

22 ноября 2018 Сарпараст Рустами Эмомалӣ: 50 пайрави фаъоли Пешво хусусиятҳои роҳбариро меомӯзанд

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон, бо иштирокдорони лагери омӯзишии “Пайравони Пешвои миллатем” мулоқот кард

Тибқи иттилои сомонаи Кумитаи ҷавонон ва варзиш, лагери мазкур таҳти сарпарастии Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бо иштироки 50 ҷавони фаъол аз шаҳру навоҳии гуногуни Тоҷикистон аз 21 то 24 ноябри соли 2018 фаъолият мекунад.

Манбаъ афзуд, ки пайравони фаъоли Пешво дар лагери мазкур малакаҳои роҳбарӣ ва хусусиятҳои онро меомӯзанд. Инчунин баргузории давраҳои омӯзишии “Малакаҳои муошират ва ровигӣ”, “Шабакаҳои иҷтимоӣ ва роҳҳои дуруст истифода бурдани онҳо” ва  “Нақш ва иштироки наврасону ҷавонон дар тарғиби ғоя ва арзишҳои миллӣ” дар назар аст.

Абдуллозода дар мулоқот бо иштирокдорони лагер изҳор доштааст, ки бо талошҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои таҳсил ва зиндагии шоиста дар кишвар тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.

“Мову шуморо зарур аст, ки дар партави сиёсати хирадмандона ва созандаи роҳбари давлат дониш омӯзем, илмҳои замони муосирро аз худ кунем, техника ва технологияи навинро аз бар намуда, ҳамчун мутахассисони баландихтисос дар пешрафти ватани азизамон саҳмгузор бошем”, - изҳор доштааст раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш.



Read more: sputnik-tj, фото - © Sputnik