На танҳо расонаҳои Узбакистон, балки расонаҳои Русияву Олмон ва Ҷопону Амрико аз ифтитоҳи аввалин чархаи нерӯгоҳи бузург дар Тоҷикистон гузориш доданд
Тоҷикистон рӯзи 16-уми ноябр ба қавле ид дошт. Дар кишвар аввалин чархаи нерӯгоҳи бузургтарини Осиёи Миёна - Роғун ифтитоҳ гардид.
Албатта, ин ҳодисаи таърихӣ дар Тоҷикистон аз мадди назари расонаҳои хориҷӣ низ дур намонд, ки расонаҳои Узбакистон истисно нестанд.
Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон чорабиниро бештар аз 200 нафар рӯзноманигорони дохил ва хориҷи кишвар, агентиҳои иттилоотии бонуфузи байналмилалӣ аз Амрико, Италия, Олмон, Русия, Ҷопон, Британияи Кабир, Чин, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакситон ва дигар давлатҳо васеъ инъикос намуданд.
Ҳамин тавр, хабаргузории "Кун.уз" (Ахбори рӯз - идора) дар наворе маросими ифтитоҳи нерӯгоҳро бо ширкати раисҷумҳури Тоҷикистон инъикос кардааст.
Манбаъ менависад, "нерӯгоҳи Роғун пас аз ба истифода додани 6 агрегаташ 1,5 баробар бештар аз "Норак" барқ истеҳсол хоҳад кард".
Хабаргузории русии Spunik Узбекистон низ барои хонандагонаш рухдоди ифтитоҳи Роғунро ба таври васеъ пешниҳод кард. Хабаргузорӣ аз рафти ифтитоҳи Роғун тасвирбаён, гузоришҳои хабариву таҳлилӣ мунташир кард.
Афзун бар ин, хабаргузории "Ҳордиқ.уз"дар хабаре аз иштироки Вазири хоҷагии кишварзии Узбакистон Шавкат Ҳамроев дар маросми ифтитоҳи нерӯгоҳ дар Тоҷикистон гузориш додааст. Ба иттилои манбаъ, ӯ дар посух ба даъвати Тоҷикистон дар маросми ифтитоҳи нерӯгоҳ иштирок кардааст.
Расона менависад, "дар ҳолати ба кор даромадани тамоми агрегатҳои нерӯгоҳ "Роғун" - бузургтарин тавлидкунандаи барқи Осиё Миёна хоҳад шуд".
Хабаргузории "Даракчӣ" ҳодсаи ба кор андохтани Роғунро таърихӣ унвон карда навиштааст, "Воқеаи таърихӣ: Эмомалӣ Раҳмон нерӯгоҳи Роғунро ба кор андохт".
Расона маросими ифтитоҳи Роғунро баррасӣ карда, сипас таъкид кардааст, ки сарбанди нерӯгоҳ баландтарин дар ҷаҳон хоҳад шуд.
"Баландии сарбанди нерӯгоҳ 335 метрро ташкил хоҳад дод, ки дар ҷаҳон баландтарин сарбанд хоҳад буд"- менависад манбаъ.
Коршиносон мегӯянд, дар роҳи бунёди Роғун Тоҷикистон ба чанд мушкилӣ низ рӯ ба рӯ шуд, ки яке аз онҳо мухолифати Узбакистон дар сохтмони нерӯгоҳ буд.
Тошканд бо роҳбарии раисҷумҳури вақтӣ Ислом Каримов дар ин масъаи мавқеи мухолифи худро изҳор дошт.
Далелҳои кишвар равшан набуданд, вале гуногун буданд: кишвар баҳона мекард, ки бунёди сарбанди баландтарин дар минтақа хатарнок аст ё заминҳои Узбакистон хушк мешаванд.
Аммо бо раисҷумҳур шудани Шавкат Мирзиёев Узбакистон мавқеашро иваз кард. Сарони кишварҳо дар чанд масъалаи баҳсталаб ба мувофиқа расиданд.
Соли 2016 раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими бастани маҷрои Вахш иштирок кард ва таъкид кард, ки сарбанд дар поёноби дарё аз ҷумла дар кишварҳои ҳамсоя имкон медиҳад, ки заминҳои азхудкардашуда ва истифодашаванда обёрӣ шаванд.
Read more: sputnik-tj, фото - © Пресс-служба президента Узбекистана