Русия дар як ҳафтаи оянда бо ташкили се парвоз шаҳрвандонашро аз Тоҷикистон мебарад.
Сафорати Русия дар Тоҷикистон рӯзи 28-уми апрел иттило дод, ки барои аз Душанбе берун бурдани шаҳрвандонаш се парвози хосса ташкил мекунад. Ба гуфтаи сафорат рӯзи 30-уми апрел ширкати ҳавопаймоии «Сибир» шаҳрвандони Русияро аз шаҳри Душанбе ба Новосибирск ва ширкати “Уральские авиалинии” аз Душанбе ба шаҳрҳои Екатеринбург ва Сургут интиқол медиҳад.
Ҳамчунон ба гуфтаи сафорат рӯзи 3-уми май як парвози дигари ширкати «Уральские авиалинии» аз Душанбе ба Маскав дар назар аст.
Ба таъкиди сафорат ба ин парвозҳо танҳо шаҳрвандони Русия роҳ дода мешаванд, ки дар вебсайти хадамоти давлатии Русия “Госуслуги” маълумотномаро пур кардаанд.
Дар идома сафорат гуфтааст ин парвозҳо пас аз гирифтани иҷозати ҷониби Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.
Ҳукумати Русия шурӯъ аз 27-уми марти 2020 бинобар пандемияи короновирус парвозҳои маъмулии ширкатҳои ҳапвопаймоиро қатъ кард.
Дар Русия то рӯзи 28-уми апрел 93 558 нафар ба бемории COVID-19 сироят ёфта 867 нафар аз ин беморӣ ҷон доданд.