Намояндагии расмии Тоҷикистон дар Екатеринбург ба таҳқиқи "ошӯби" муҳоҷирон дар як боздоштгоҳи ин шаҳр оғоз кардаанд. Як гуруҳ аз муҳоҷирон, ки дар байни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ буданд, 27-уми апрел бо шикоят аз вазъи нигоҳдорӣ дар боздоштгоҳи Екатеринбург даст ба ошӯб заданд. Афроди огоҳ аз қазия мегӯянд, "муҳоҷирон талаб кардаанд, ки онҳоро ҳарчӣ зуд ба ватан фиристанд".
Масъулони консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург 28-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, консул Зафар Сайидзода бо роҳбари боздоштгоҳ телефонӣ суҳбат карда, муовинаш ба ҷойи ҳодиса рафтааст. Мақомот гуфтанд, бо дақиқ кардани ҷузъиёти ҳодиса шарҳи бештар хоҳанд дод.
Расонаҳои Русия 27-уми апрел аз бетартибӣ дар боздоштгоҳи муваққатии муҳоҷирон дар шаҳраки Колтсовои Екатеринбург хабар доданд. Ба навиштаи ТАСС, чанд нафар ба бадани худ осеб расонда, талаб кардаанд, ки онҳоро фавран ба ватанашон ихроҷ кунанд.
Ба навиштаи расона, кормандони пулис "кӯшиши вайрон кардани низомро пешгирӣ карданд". ТАСС ҳамчунин навишт, ба ҷойи ҳодиса табибон даъват шуда, танҳо як нафар аз иштирокдорони ошӯбро ба бемористон бурданд ва баъди расондани ёрии тиббӣ бозпас оварданд.
Мақомоти Русия ва Тоҷикистон то ҳол дар бораи ҳувияти муҳоҷироне, ки дар боздоштгоҳи Екатеринбург даст ба ошӯб заданд, маълумот надодаанд.
Аммо масъулони ҷамъиятии тоҷикон дар шаҳри Екатеринбург мегӯянд, аз рӯи маълумоти онҳо дар боздоштгоҳ 130 муҳоҷирон буданд, ки 102 нафарашон шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд.
Фаррух Мирзоев, раиси ҷамъияти тоҷикон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "сабаби асосии даст ба ошӯб задани муҳоҷирон ин буд, ки аз вазъи нигаҳдорӣ дар онҷо хаста шудаанд".
Ба гуфтаи Мирзоев, муҳоҷирон талаб кардаанд, ки ба онҳо иҷоза дода шавад, телефонашон дар дасташон бошад. Аммо масъулини боздоштгоҳ гуфтаанд, қонунҳои дохилии ин ниҳод чунин чизеро манъ кардааст ва муҳоҷирон танҳо дар як рӯз метавонанд як соат бо телефон суҳбат кунанд. Омили дигар, ба гуфтаи раиси ҷамъияти тоҷикон, ин аст, ки яке аз собиқ зиндониён муҳоҷиронро ба шӯр овардааст.
"Дархости аслиашон ин ба ватан рафтан аст. Қарори ихроҷи ҳамаашон содир шуда, вале роҳи ҳавопаймо бастааст. Муҳоҷирон дар чунин шароите қарор доранд, ки ояндаашонро намедонанд. Ҳоло дар ҳамонҷо ҳастанд. Бегоҳӣ маслиҳат карданд ва онҳо ҳам розӣ шуданд, ки ҳоло аз дасти ҳукумати Екатеринбург барои фиристодани онҳо ба Тоҷикистон чизе намеояд", - афзуд раиси ҷамъияти тоҷикон дар Екатеринбург.
Сомонаи телевизиони "Настоящее время" менависад, қаблан аз ҳамин боздоштгоҳе, ки муҳоҷирон даст ба ошӯб заданд, 152 шаҳрванди Узбекистон ба кишварашон интиқол дода шуданд. Аммо садҳо шаҳрванди Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон ба навиштаи ин расона то ҳол дар боздоштгоҳ ҳастанд ва як моҳ зиёд мешавад, ки дар интизори бозгашт ба ватан ҳастанд.
Бори аввал нест, ки муҳоҷирони тоҷик бо шикоят аз вазъашон дар боздоштгоҳҳои Русия даст ба ошӯб ва гуруснанишӣ мезананд. Соли 2016 низ дар шаҳри Артёми кишвари Примореи Русия як гуруҳи муҳоҷирон, ки дар миёнашон тоҷикон низ буданд, бо эътироз ба тӯлонӣ шудани раванди ихроҷашон аз ин кишвар даст ба гуруснанишинии чаҳоррӯза заданд.
Инчунин се муҳоҷири тоҷик моҳи октябри соли гузашта дар муассисаи ислоҳие дар ҷумҳурии Мордовияи Русия қасди худкушӣ карданд.
Мушкили саривақт ихроҷ нашудани муҳоҷироне, ки қарори додгоҳ барои берун карданаш аз Русия содир шудааст, солҳои ахир сахттар шуд.
Моҳи январи соли равон як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷик аз боздоштгоҳе дар Краснодар гуфтанд, бо вуҷуди будани қарори додгоҳ дар бораи ихроҷашон ба Тоҷикистон, онҳоро аз боздоштгоҳи Русия озод намекунанд. Бархе аз ин муҳоҷирон мегуфтанд, ки моҳҳост дар интизори ихроҷ ба ватан ҳастанд, ҳарчанд масъулини сафорати Тоҷикистон дар Русия инро рад карданд.
Нозирони умур мегӯянд, бо қатъ шудани парвозҳо ба Тоҷикистон вазъи муҳоҷирони тоҷике, ки мунтазири ихроҷ аз Русия буданд, бадтар шуд.
Дар панҷ соли ахир беш аз 200 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ихроҷ карда шудаанд ва ҳоло ҳаққи сафар ба ин кишварро надоранд. Як соли ахир раиси ҷумҳури Тоҷикистон ду дафъа афви ин гуруҳи муҳоҷиронро бо мақомоти баландпояи Русия дар миён гузоштааст. Ҷониби Русия ҳанӯз тасмими худро эълон накардааст, ки афви муҳоҷирони ихроҷшуда кай сурат хоҳад гирифт.
Ба гуфтаи мақомоти Русия, ҳар сол аз Тоҷикистон беш аз як миллион нафар бо ҳадафи кору зиндагӣ ба он кишвар мераванд. Мақомоти Тоҷикистон ин рақамро беш аз 400 ҳазор медонанд.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!