"Мавҷи дувум сабук мегузарад." Хотираҳои пизишки амрикоӣ аз "ҷанг" бо COVID-19

29 апреля 2020 "Мавҷи дувум сабук мегузарад." Хотираҳои пизишки амрикоӣ аз "ҷанг" бо COVID-19

Амрико аз рӯйи омори фавт ва гирифторӣ ба коронавирус дар ҷаҳон дар ҷойи аввал аст. То 29-уми апрел дар ин кишвар беш аз як миллион нафар ба коронавирус сироят шуда, зиёда аз 57 ҳазор кас ҷон бохтаанд. Беш аз 114 ҳазор нафар шифо ёфтаанд.

Сирояти коронавирус дар Ню-Йорк аз аввали моҳи март оғоз шуд ва сокинонаш беш аз дигарон аз ин бемории ҳамагир осеб диданд. Евгений Пинелис, пизишки эҳёгар ё реаниматолог, ки дар яке аз бемористонҳои кӯҳантарини Бруклин кор мекунад, дар Фейсбук ҳар рӯз дар бораи кораш бо беморони КОВИД-19 нақл мекунад. Ҳоло ӯ аз кам шудани муроҷиати беморони нави коронавирус хабар медиҳад.

Ин пизишки амрикоӣ дар суҳбат бо бахши русии Радиои Озодӣ дар бораи рӯйдодҳои чанд моҳи ахир дар бемористон, нишонаҳои пурасрори маризӣ ва сарнавишти беморон нақл кард.

– Аввалин рӯзеро, ки ба бемористони Шумо гирифтори КОВИД-19-ро оварданд, дар хотир доред? Он лаҳза дар бораи ин беморӣ ва умуман коронавирус чӣ медонистед?

– Бемори нахустин зане буд, ки ӯро худам ташхис кардам. Агар хато накунам, дар рӯзи 7-уми март. Он замон аллакай тахмин мезадам, ки вазъи чандон хубе дар пеш нахоҳем дошт ва сенарияи монанд ба Итолиё моро интизор аст. Он вақт чораҳои хоси карантинӣ набуд. Аксарият ба ин бовар надоштанд, ҳарчанд теъдоди онҳое, ки низ дарк мекарданд вазъият чандон хуб нест, бештар мешуд. Субҳ дар роҳ ба кор ба духтури навбатдор занг задам ва ӯ ба ман дар бораи беморе хабар дод, ки нафаскашиаш мушкил аст. Касе сабабашро намедонист. Фикр мекарданд, бемории қалб дорад, ки маъмулан ба нафастангӣ сабаб мешавад. Ин эҳтимол ҳам буд, ки илтиҳоби шуш дорад. Духтури навбатдор ба ман ташхиси комютерии ӯро тасвир кард ва ман пай бурдам, ки ин маҳз бемории КОВИД-19 аст. Вақте ба кор омадам, бемор аллакай дар ҳолати вазнин буд ва ӯро фавран зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ гузоштем. Он замон дар шӯъбаи эҳёгарии мо ин аввалин бемор буд ва мо тамоми шароитро барои ҷудо кардани ӯ аз беморони дигар доштем. Беморон ва духтуронеро, ки бо ӯ тамос доштанд, ба карантин гирифтем.

– ​Шумори гирифторони вируси нав дар бемористон якбора зиёд шуд, ё беморон дер-дер муроҷиат мекарданд?

– Не, ба назарам, хеле зуд паҳн шуд. Ба фикрам, пас аз як ҳафта ё даҳ рӯз аллакай нисфи бинои шуъбаи мо аз беморони КОВИД-19 пур шуд. Барои дар алоҳидагӣ нигоҳ доштани беморон аллакай мушкил доштем. 22-юми март шуъбаи дувуми эҳёгариро таъсис додем. То охири март ин шуъба ҳам пур шуд. Мо ҳеч гоҳ дар беморхона ин қадар бемор надоштем. Беморони дигар, ки гирифтори КОВИД-19 набуданд, аз шуъбаҳои эҳёгарӣ ба ҷойи дигар кӯчонда мешуданд.

– Дар авҷи сирояти беморӣ шахсан чун духтури реаниматолог дар як рӯз бо чӣ теъдоди беморон кор мебурдед?

– Ҳолатҳое буд, ки то 18 беморро назорат мекардам ва боз ба теъдоди дигар машварат медодам. Ҳамаи ин беморон дар ҳолати бад ва зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ буданд. Ҳама қариб ба кумак ниёз доштанд. Мавридҳое буд, ки 9-10 бемори дигар дар берун аз бино моро мунтазир буданд. Онҳоро дар ҳар ҷое, ки имкон буд, дар шуъбаи қабул ва роҳраву ошёнаҳои дигар қабул мекардем.

– ​То куҷо омодагии бемористони Шумо ба ин вазъ хуб буд? Оё бо маводи тиббӣ ва ҳифозатӣ ба таври кофӣ таъмин будед?

– Аз нигоҳи омодагӣ вазъи мо миёна буд. Касе зиёд ба пеш омадани чунин вазъ бовар намекард, аммо дар ҳар сурат омодагӣ идома дошт. Раҳбари шуъбаи мо дар бахши муолиҷаи интенсивӣ талоши зиёд кард. Нақшаи таъсиси як бинои дигарро доштем. Мушкили аслӣ ин камбуди ҳамшираҳои шафқат буд. Ҳолате пеш омад, ки як ҳамшира мебоист дар як вақт 3 - 4 бемори вазнинро нигоҳубин мекард. Мавридҳое ҳам буд, ки ба як ҳамшираи шафқат 5 бемор рост меомад. Ин дар ҳолест, ки як ҳамшира метавонад фақат аз 2 бемор ва агар вазнин бошад, фақат аз як нафар муроқибат кунад. Маъмурияти беморхона дар талоши пайдо кардани ҳамшираҳои нав буд, вале ин кори осон набуд. Чун ҳамаи беморхонаҳо ҳамшира меҷустанд. Маҷбур будем барои табобати беморони вазнин кормандонеро ҳам ҷалб кунем, ки таҷрибаи зиёд дар соҳаи тиб надоштанд. Хулоса, вазъ вахим буд.

– Дар бемористони Шумо кормандоне буданд, ки коронавирус сироят кард ва ё дар пайи ин беморӣ фавтиданд?

– Кормандони тиб не, вале чанд нафар аз ҳамкорони мо, аз ҷумла кормандони қаҳвахона ва ронандаҳо фавтиданд. Вале духтуроне ҳастанд, ки ба ин беморӣ гирифтор шуданд ва ҳанӯз ҳам беморанд. Баъзеҳо ҳоло дар шуъбаи эҳё бистарӣ ҳастанд. Дар маҷмуъ, ин вирус ба ҳама зарба зад.

– Аслан беморони мубтало ба КОВИД-19 то чанд муддат дар беморхона мемонанд? Давраи табобати як бемор аз чанд рӯз иборат аст?

– Медонед, ин як бемории аҷибест, ки дар шаклҳои мухталиф зоҳир шуда, ҷараён мегирад. Бемороне ҳастанд, ки дар 2 ё 3 рӯз ҳолашон хуб мешавад ва ҷавоб шуда, ба хона мераванд. Баъзе беморони дигар беш аз як ҳафта дар бемористон мемонанд. Гурӯҳи дигар метавонад пас аз 10 рӯзи муолиҷа якбора дар ҳолати хеле вазнин ба шуъбаи эҳё биафтад. Мутаассифона, ин беморӣ барои мо аслан бегона аст. Ин барои башарият як чизи комилан нав аст.

– Чӣ чизаш ғайриоддӣ аст? Ба кадом суол дар бораи ин беморӣ мехостед посух пайдо кунед?

– Аз ҳама аҷибаш ин аст, ки ин беморӣ пешгӯинашаванда аст. Дар таҷрибаи чандинсолаам бо як нигоҳ ба бемор тахминан мефаҳмам, ки ба ӯ чӣ шудааст. Вале бо ин беморӣ чунин нест. Тавре гуфтам, беморе, ки хуб шудааст ва фикр мекунӣ дигар пурра шифо ёфтааст, метавонад якбора ҳолаташ бад шавад ва ҳатто дилаш аз кор монад. Суоли аз ҳама муҳим ин аст, ки чаро ба истилоҳи тиббӣ “ноҳамсонӣ” вуҷуд дорад. Ин беморӣ метавонад ба тамоми узви инсон осеб расонад, осебе, ки муолиҷааш кори осон нест.

 

– Дар воқеъ, ҳастанд бемороне, ки шифо меёбанду ба хона ҷавоб мешаванд, аммо пас аз чанде дубора бо ҳамон нишонаҳо ба назди Шумо меоянд?

– Ҳоло барои сӯҳбат дар ин бора барвақт аст. Хуруҷи вирус дар мо аз авали моҳи апрел шуруъ шуд. Аз шӯъбаи эҳёгарӣ беморонро кам рухсат мекардем, маъмулан онҳоро ба дигар шӯъбаҳо интиқол медодем. Чанд нафареро, ки мо аз ин шуъба ҷавоб додем, дигар надидем. Албатта, дақиқ дар бораи тақдири баъдии онҳо чизе гуфтан мукшил аст. Самти кори мо дигар аст. Мо беморро аз ҳолати вазнин берун меорем ва барои муолиҷаи баъдӣ ба назди пизишкони дигар мефиристем.

– Табибони итолиёӣ мегуфтанд, ки онҳоро ду чиз сахт азият медод. Вақте маҷбур мешуданд, аз байни беморон интихоб кунанд, ки киро наҷот диҳанд ва ё вақте медиданд, беморе дар охирин лаҳзаҳои ҳаёти худ наметавонад бо наздиконаш худоҳофизӣ кунад. Шумо ҳам бо чунин ҳолатҳо рӯ ба рӯ мешудед?

– Хушбахтона, ба ҳолати аввалӣ не. Мо ба қадри имкон дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ доштем. Мо кумак гирифтем, дастгоҳҳои наву хубе набуданд, албатта, аммо барои ёрӣ ва наҷоти беморон кор омаданд. Дар баъзе ҳолатҳо то 80 дар сади дастгоҳҳои нафасдиҳии беморхонаро дар як вақт истифода мебурдем. Яъне, дастгоҳҳо ба пуррагӣ истифода намешуданд ва мо зиёдатӣ доштем. Бинобар ин, мо барои наҷоти ҷони одамон дар рӯ ба рӯи интихоб қарор намегирифтем ва аслан ин масъала, ки кӣ бояд зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ гирифта шавад, мавзӯи як баҳси калон аст. Ҳоло маълумоти начандон хуше ҳам ҳаст, ки аксари беморони зери дастгоҳи нафасдиҳӣ фавтиданд, ин ба он маънӣ аст, ки ба бисёре аз ин беморон мо кумак накардем, баръакс, ранҷу азоби онҳоро дарозтар кардем. Дар масъалаи худоҳофизии пеш аз марги беморон бо наздиконашон, воқеан, ин саҳнаи хеле дарднок буд. Мо хонаводаҳои зиёдеро мушоҳида мекардем, ки ба беморхона меомаданд. Як оилае доштем, ки тамоми узви он ба ҷуз як нафар бемор шуданд. Чанд нафари онҳо дар ҳамин беморхона фавтиданд. Ин ягона чунин ҳодиса набуд. Ин вазъ моро ба он водор кард, ки дар бораи таъсири баъзе омилҳои ирсӣ ё генетикӣ ҳам фикр кунем, ки ин бемориро мушкилтар мекунанд.

– ​Яъне, беморӣ дар аъзои як хонавода агарчӣ аз ҳам ҷудо зиндагӣ мекунанд, дар як шакл зуҳур мекунад?

– Бале, оилаеро медонам, ки аъзояш дар ҳар кунҷи шаҳр зиндагӣ мекунанд ва ба таври зарурӣ чораҳои пешгириро риоя менамуданд. Кӯшиш мекарданд аз хона берун нараванд ва канорагирӣ кунанд. Бо ин вуҷуд қариб ҳама дар ин хонавода бемор шуданд. Хонаводаҳоеро медидем, ки дар он яке аз волидон ва фарзандон бемор шудаанд. Хоҳару бародарон бемор мешуданд. Яъне ҳарчанд якҷо зиндагӣ намекарданд, аммо ҳама дар як шакл сироят меёфтанд.

– Чӣ гуна сарнавиштҳое аз рӯзи аввали пандемия то имрӯз дар ёди Шумо мондааст ва шояд барои як умр хоҳад монд.

Бемороне ҳастанд, ки дар 2 ё 3 рӯз ҳолашон хуб мешавад ва ҷавоб шуда, ба хона мераванд. Баъзе беморони дигар беш аз як ҳафта дар бемористон мемонанд. Гурӯҳи дигар метавонад пас аз 10 рӯзи муолиҷа якбора дар ҳолати хеле вазнин ба шуъбаи эҳё биафтад. Мутаассифона, ин беморӣ барои мо аслан бегона аст. Ин барои башарият як чизи комилан нав аст.


– Маълум буд, ки вазъ ваҳшатнок аст ва ин беморӣ ғаму ғуссаҳои зиёде дар пай хоҳад дошт. Бинобар ин, кӯшиш мекардем дар ҳар ҳолат лаҳзаҳои хуберо ҳам бубинем ва хушбин бошем. Бо вуҷуди оморҳои мухталиф мо тавонистем тавассути дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ бемори 86-соларо ба по хезонем. Ҳолати ӯ ҳоло хуб аст ва гуфтугӯҳо дар бораи ба хона рухсат кардани ӯ идома доранд. Вале мушкилтарин рӯзи корӣ барои ман рӯзе буд, ки якбора 3 зани ҳомиларо қабул кардам ва маҷбур шудем ду нафари онҳоро зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ гузорем. Ин се ҳолат ҳам ба хубӣ анҷом ёфт ва тифли батни ин занҳо ҳам осеб надиданд. Яке аз онҳо баъдан таваллуд кард ва натиҷаи санҷиши тест дар навзод манфӣ буд. Вақте ин хабарро шунидем, ҳама каф задем. Лаҳзаҳои душвор дар кори мо хеле зиёд буд. Дидани марги чанд нафар аз як хона хеле сахт буд. Як беморе доштем, ки рӯзҳои зиёде дар шӯъбаи эҳё буд, мушкилтарин лаҳзаҳоро пушти сар кард, вақте фикр кардем, дигар шонсе барои зинда мондан надорад, ҳолаташ якбора хубтар шуд. Мо ҳатто ӯро аз ин шуъба ба ҷойи дигар гузарондем, аммо пас аз чанд рӯз бо сабабҳои номаълум дилаш аз кор монд. Ин барои ман даҳшатнок буд.

– Ҷавононе ҳам буданд, ки ягон бемории ҷиддӣ надоштанд ва дар пайи гирифторӣ ба ин вирус фавтиданд?

– Ҷавонони 30-солае буданд, ки бемориро хеле сахт пушти сар мекарданд. Онҳо қаблан ягон бемории дигар надоштанд. Ростӣ, дақиқ ёд надорам, ки ҷавонтарин беморе, ки аз ин вирус фавтид чандсола буд, аммо дақиқ медонам, ки синни то 50 ҳам барои гирифтор нашудан ба шаклҳои вазнини ин вирус кумак намекунад.

– Ҳоло шумо дар Фейсбук менависед, ки нуқтаи авҷи эпидемия дар Ню-Йорк гузашт. Чаро ба ин хулоса омадед? Танҳо ба хотире ки муроҷиати беморон кам шуд?

– Бале, ин нуқтаи муҳим аст. Мо ҳанӯз ҳам дақиқ намедонем, ки чӣ теъдод аз одамон бидуни ягон аломат ба ин беморӣ гирифтор шудаанд. Умуман мо намедонем, ки оё ташхиси мусбат дар тест аломатӣ беморӣ аст ё нишонаи он ки шахс интиқолдиҳандаи вирус аст. Ин имкон ҳам дорад, ки вирус дар вуҷуди инсон бошаду аз худ дарак надиҳад, вале барои дигарон хатар эҷод кунад. Ман бодиққат оморҳои Ню - Йоркро дар робита ба ин беморӣ пайгирӣ мекардам, дар аввал мо беморонро фақат аз рӯйи нишонаҳо, он ҳам аломатҳои хеле рӯшан санҷиши тестӣ мекардем. Дар беш аз 50 дар сади ҳолатҳо натиҷаи тест мусбат буд. Ҳоло тамоми афроди хоҳишмандро аз ташхиси тестӣ мегузаронанд. Тестҳои зиёде харида шудааст. Албатта, ин тестҳо ҳам иштибоҳҳое доранд ва на ҳама босифатанд. Дар беморхона ҳам мавридҳои қабули беморони нав камтар шудааст. Мо ҳатто дари як шӯъбаи эҳёро бастем. Ҳоло мо танҳо 2 шуъбаи эҳё барои қабули беморони вазнин дорем. Ин шӯъбаҳо ҳоло пур аз бемор аст, аммо беморони нав ба мо аз берун ва ё хонаҳо ворид намешаванд, балки аз шӯъбаҳои дигари беморхона интиқол меёбанд.

– Шумо аз кори духтурон дар кишварҳои дигар огоҳ ҳастед? Табодули таҷриба байни табибон сурат мегирад? Вақте ба таҷрибаи кишварҳое, ки дар онҳо эпидемия баъдтар оғоз шуд, менигарӣ, чунин ба назар мерасад, ки онҳо ҳам тамоми он роҳҳоеро тай хоҳанд кард, ки пештар ҳамтоёнашон дар давлатҳои дигар ба он роҳ рафта буданд.

– Мо бо теъдоди зиёди муттахассисон ҳам дар ин ҷо, дар Амрико ва ҳам дар кишварҳои дигар дар тамос ҳастем. Мо чун як шаҳре, ки бештар аз ҳама ба ин беморӣ гирифтор шуд, дар ин самт таҷрибаи зиёд дорем. Мо пайваста бо духтурони Русия дар тамос ҳастем. Ман бо Денис Протсенко дар тамос ҳастам. Мо ҳамдигарро аз наздик надидаем, аммо дӯстем ва мукотиба дорем. Ман вазъи Русия ва Итолиёро пайгирӣ дорам. Бо шарофати Фейсбук ман ғайриинтизор дӯстони зиёде аз тамоми ҷаҳон пайдо кардам. Аксари онҳо афроди огоҳ аз соҳаи тиб ҳастанд. Духтуре аз Канада пайваста ба ман менависад ва мо вазъро баррасӣ мекунем. Дар бораи ҳукуматҳо чизе гуфтан мушкил аст. Духтурон аслан одамони аз ҳукумат дуранд. Онҳо бештар ба иҷрои вазифаҳои худ машғуланд. Мушкил дар ташкилу танзим, албатта, дар ҳама ҷо аст. Вале ягон кишваре нест, ки тавонад ба таври қатъӣ бигӯяд, ки он ҷо ҳама хуб аст.

– Оё вазъи паҳншавии коронавирус дар Ню-Йоркро бо Маскав монанд кард? Шумо аз Денис Протсенко ёдовар шудед, вале беморхонаи ӯ намунавӣ аст. Дар минтақаҳои дигари Русия вазъ начандон хуб аст.

– Бешубҳа. Ҳатто дар беморхонае, ки Денис дар он кор мекунад, мушкилот вуҷуд дорад. Дар ин бора ӯ ҳам ошкорро сӯҳбат мекунад. Албатта, бегумон, Ню-Йорк шаҳри бой аст ва беморхонаҳо хуб муҷаҳҳаз шудаанд. Вале ин вирус дар Ню-Йорк дар баробари зичии аҳолӣ ва поин будани сатҳи гигиена ё тозагии шаҳр аз вуҷуди мушкилоти хеле зиёди иҷтимоӣ дарак дод. Маълум шуд, ки Ню-Йорк як шаҳри ифлос ва пур аз мардуми бехонаву оворагард аст, ки аз ҷиҳати иҷтимоӣ аслан ҳимоят нашудаанд ва маҳз ин гурӯҳи одамон дар шароити эпидемия ба хатар рӯ ба рӯ мешаванд. Мутаассифона, дар чунин вазъият тамоми мушкилот рӯйи об мебарояд.

– Пешгӯӣ кардан, албатта, хуб нест, аммо аз нигоҳи Шумо кай пандемия ба охир мерасад. Оё имкон дорад, фавти садҳо нафар солҳо идома кунад? Кай мизони маргумир кам мешавад?

– Набояд ба омори маргу мир таваҷҷӯҳ карда шавад. Албатта, ин муҳим ва фоҷиабор аст, аммо теъдоде фавтидаҳо камтар аз онҳоест, ки ба муолиҷа фаро гирифта мешаванд. Аксарият бо ин вирус намефавтанд. Аз сӯйи дигар, тарзи шумориши мавридҳои фавт рӯшан ва муайян нест. Бисёриҳо ба ҳар тарз ин ҳолатҳоро ҳисоб мекунанд, дар Русия масалан ба тарзи дигар ҳисоб мешавад. Бинобарин ҳисобот мухталиф аст ва маргумир аз вирус дар як кишвар камтар аз кишвари дигар ба назар мерасад. Вале дар асл суоли аслӣ ин аст, ки фавт чӣ гуна ҳисоб мешавад. Дар Ню-Йорк, масалан, ҳоло аз мурдаҳо тест намегиранд, вале агар шубҳае пайдо шавад ва ба назари ман чунин шубҳа метавонад дар ҳар сокини Ню-Йорк бошад, марги одамонро чун фавт аз коронавирус сабт мекунанд. Мо бояд ба мизони қабули беморон таваҷҷӯҳ кунем, ки дар аёлати мо коҳиш ёфтааст, аммо масалан дар Ню - Ҷерсии ҳамсояи мо ва ё Массачусетс ҳоло вирус хеле босуръат афзоиш меёбад. Маълум нест, кай ин ҳама ба охир мерасад. Дар баъзе аз дигар аёлатҳо дар бораи сабук кардани тадбирҳои карантинӣ гуфтугузорҳо шурӯъ шудаанд. Барои мисол, дар Вашингтон, ки нахустин мавриди гирифторӣ ба КОВИД-19 он ҷо сабт шуда, тасмим шудааст, карантин қисман бекор шавад ва аз 5-уми май аксари одамон ба кор мебароянд. Дар Ню-Йорк суҳбатҳо дар бораи имконияти кушодани мактабҳо дар моҳи июн зиёд аст. Аслан пешгӯӣ кардан дар ин бора наметавонам, чун мо то ба ҳол ин бемориро нафаҳмидаем. Мо намедонем, ки иммунитет барои мубориза бо ин вирус ҳаст ё не ва оё имкони такроран сироят ёфтан ба ин вирус вуҷуд дорад? Мо ҳоло дақиқ намедонем, ки чӣ теъдод аз одамон аллакай ин бемориро аз сар гузаронданд. Маълум нест, ки чӣ теъдод бо шакли пӯшида ва ё бе аломати ин беморӣ гирифтор шудаанд. Ҳоло вақти зиёде нагузаштааст. Ман тахмин мезанам, ки мавҷи дувуми хуруҷи беморӣ дар пеш аст. Умедворам ин давра сабуктар хоҳад гузашт ва мо ҳам омодагии беҳтаре хоҳем дошт. Ман ҳамчунин эҳсос мекунам ва далелҳое ҳам дорам, ки вирус барои зиндагӣ бо мо одат мекунад ва ҳамаро намекушад, мо ҳам ҳамроҳ бо вирус зиндагӣ карданро ёд мегирем. Вақте ин ҳама ба охир мерасад, эҳтимол бисёр чизҳо дар зиндагӣ тағйир кунад.

– Шояд чун табиб намехоҳед, ки маҳдудиятҳо ё тадбирҳои карантинӣ сабук карда шаванд?

– Ман, албатта, намехоҳам, ки дигарбора вазъи як ҳафтаи охири март ва ду ҳафтаи апрел такрор шавад. Вазъ воқеан аз лиҳози теъдоди фавт ва эҳсоси нотавонӣ ба як ҳолати ҷангӣ монанд буд. Вале инро ҳам дарк мекунам, ки одамон як умр наметавонанд дар хона маҳкам бошанд. Ман аллакай пайомадҳои психологии ин корро дар мардум мушоҳида мекунам. Шояд барои ман, ки ҳадди ақал аз хона мебарояму ба кор меравам, осонтар аст. Ба андешаи ман, ин кор бояд хеле боэҳтиёт ва бо гирифтани санҷишҳои хеле зиёди тестӣ анҷом шавад. Бояд ба кишварҳои дигар назорат кард ва аз иштибоҳҳои онҳо омӯхт то онҳо такрор нашаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!