Қурби рубли русӣ баъди уфти бесобиқаи авохири моҳи март, ба таври рекордӣ дубора дар бозори асъори Тоҷикистон ҷояшро ҳифз мекунад
Ба таъкиди иқтисодшиносон ин нахустин ҳолати барқароршавии рубл ба вазъи қаблӣ баъди уфти бесобиқа дар муддати кутоҳ мебошад.
Дар бонкҳои Тоҷикистон имрӯз, аввали ҳафтаи равон қурби 1000 рубли русӣ ба 142 то 152 сомонӣ баробар шудааст.
Қурби рубл аз ҳама баланд дар Алиф Бонк нишон дода шуда, хариду фурӯши 1 рубл аз 0.1420 то 0.1520 сомонӣ муқаррар шудааст.
Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1390 то 0.1460 ва дар “Бонки Эсхата” бошад 1 рубл аз 0,1390 то 0,1405 сомонӣ нишон дода шудааст.
Бонки миллии Тоҷикистон бошад арзиши 1 рубли русиро имрӯз 0.1385 сомонӣ нишон додааст. БМТ афзудааст, ки дар бозори нақди кишвар имрӯз 1 доллари ИМА 10.2395 сомонӣ муқаррар шуда, 1 евро 11.2082 сомонӣ арзиш дорад.
Ёдовар мешавем аввали моҳи март, дар пайи он, ки кишварҳои тавлидкунандаи нафт барои ихтисори иловагии тавлиди нафт ба созиш нарасиданд, бо уфти нархи нафту ҷаҳиши қурби доллар ва евро оварда расонид. Қабл аз он дар Тоҷикистон қурби 1000 рубл то 155 сомониро ташкил медод.
Бонки миллии Тоҷикистон дар шарҳи болоравии қурби доллару коҳиши нархи рубл дар кишвар изҳор дошта буд, ки он ба мушкилот дар иқтисоди ҷаҳонӣ, зуҳури пандемияи коронавирус ва коҳиши нархи нафт рабт дорад.