Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарорҳои Ҳукумат, роҳбарони корхонаю муассисаҳои навтаъсис дар назди дастгоҳи Президентро таъин кард
Тибқи қарори имзонамудаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Холмаҳмад Раҳимзода, директори муассисаи давлатии “Маркази тиббӣ”-и назди дастгоҳи Президент таъин гардид.
Бо қарорҳои дигари Ҳукумат, Маликиён Ҷумъа Қудус, роҳбари муассисаи давлатии “Қароргоҳи Искандаркӯл” дар Айнӣ, Роҳбар Майдонзода, мудири КВД “Савдо ва хӯроки умумӣ”, Ҳайдаров Сафармуҳаммад Давлатшоев, роҳбари КВД “Лучоб” дар шаҳри Душанбе, Мирзоалӣ Қаландаров, роҳбари КВД “Зиғиртӣ” дар шаҳри Сарбанд ва Баҳром Шарифзода, роҳбари КВ “Таъмиру сохтмон”-и назди дастгоҳ таъин шудаанд.
Корхонаҳои мазкур навтаъсис буда, бо қарори Ҳукумат дар назди дастгоҳи Президент ташкил шудаанд.
Феълан теъдоди корхонаю муассисаҳои назди дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба 25 адад мерасад.
Ба ин феҳраст, аз ҷумла “Кохи Борбад”, “Кохи Ваҳдат”, “Қасри миллат”, Маҷмааи таъбу нашри “Шарқи озод”, “Китобхонаи миллӣ”, “Осорхонаи миллӣ”, “Боғи парчами миллӣ”, “Боғи ботаникии Хуҷанд”, маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроия, “Боғи ботаникӣ”, “Кохи Истиқлол”, меҳмонхонаи “Истиқлол”, тарабхонаи “Чаманоро”, “Боғи миллӣ”, меҳмонхонаи “Авесто”, қароргоҳи мавзеи “Сайёд” дар Данғара ва хоҷагии зотпарварии “Ҳисор” дар ноҳияи Фархор шомил мебошанд.
Read more: sputnik-tj, фото-© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook