"Электрошокер" – силоҳи зани тоҷик дар муқобили бадрафторӣ (гулчин)

19 ноября 2018 "Электрошокер" – силоҳи зани тоҷик дар муқобили бадрафторӣ (гулчин)

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- "Электрошокер" – силоҳи зани тоҷик дар муқобили бадрафторӣ. Дар Душанбе баъзе аз занону духтарон барои ҳимояи худ аз ҳамлаи дуздону авбошон ва дастдарозии бархе мардон воситаҳои дифоъ, аз ҷумла, "электрошокер" ва ё балончаҳои газӣ истифода мекунанд (видео)

- Нозири БДА бо мошинаш як сокини шаҳри Кӯлобро зер кард. Додситонии Кӯлоб ба таҳқиқи садамаи маргбори шаби 8-уми ноябр дар ин шаҳр оғоз кардааст, ки дар вуқӯи он нозири Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (ГАИ) Аъзам Амиршоев муттаҳам аст (видео)

- Сокинон дар бораи фаъол шудани чархаи нахустини Роғун чӣ мегӯянд?Чархаи аввали нирӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон ба кор даромад. Дар маросими ифтитоҳи он меҳмонони зиёди дохилӣ ва хориҷӣ, хабарнигорон ва мақомоти олии Тоҷикистон иштирок карданд (видео)

- Раҳбари маҳбаси Хуҷанд пас аз исёни зиндониён боздошт шуд (видео)

- Духтарони тоҷик ба саҳнаҳои бузурги мӯд роҳ меҷӯянд. Зебоии худодод василаи даромади модели тоҷик Фотима Маҳмадалиева аст. Вале мегӯяд, ҷомеаи Тоҷикистон муҳофизакор шудааст ва коре, ки ӯ мекунад ба ҳама хуш намеояд (видео)

- ИМА зидди Ҷулиан Ассанж айб эълом кард. ИМА зидди бунёдгузори WikiLeaks Ҷулиан Ассанж, ки ба сафорати Эквадор дар Лондон паноҳ бурдааст, айб эълом кард. (видео)

- "Ҳеч чизро намешавад тағйир дод". Хабарнигори телевизиони "Ӯзбекистон 24" дар бораи ҷо доштани сензура дар ин шабака нақл кард (видео аз Директ)​

- Дар Алмато занон аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд (видео аз Директ)​

- Дигар осебпазир нестанд: дар Қирғизистон занонро тиҷорат меомӯзанд(видео аз Директ)​

- Ончи дар бораи таҳқиқоти нави Belligcat маълум аст. ФСБ талош кардааст, ба низоми дохилии маркази раводид дар шаҳри Москва дастрасӣ пайдо кунад. Дар ин бора гуруҳи коршиносони Belligcat ва нашрияи The Insider дар таҳқиқоти нави худ хабар доданд. (видео аз Директ)

- Зиндагӣ дар манзили нав, аммо сард. Дар Петропавловск садҳо хонавода дар манзилҳое истиқомат мекунанд, ки низоми гармидиҳӣ надоранд (видео)​

- Кӣ Русияро ба мушкили НАТО бо GPS айбдор мекунад. (видеои Настоящее время)

- Дэвид Хокнии бритониёӣ – сарватмандтарин рассоми муосир. (видео)

- Оташсӯзӣ дар Калифорния: бештар аз 600 одами беному нишон шуда (видео)​

- Туркманистон: Тасвирҳои ҳафта. (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!