Туркия 10 ноябр расман эълом кард, ки шаҳрвандони Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон то 90 рӯз метавонанд, дар ин кишвар бидуни раводид (виза) ба сар баранд. Пештар ин муҳлат 30 рӯзро ташкил медод.
Вазорати умури дохилии Туркия беш аз 30 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистонро расман ба қайд гирифтааст, ки дар он кишвар қонунӣ кор мекунанд. Боқӣ ё бо раводиди сайёҳӣ ва ё ғайриқонунӣ ба сар мебаранд.
Таҳлилгар Мурод Эршахин, ки бо омӯзиши масоили муҳоҷират машғул аст, мегӯяд, тамдиди будубоши бидуни раводид то ба 90 рӯз барои он шаҳрвандони Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Тоҷикистоне, ки ба таври доимӣ дар Туркия кор мекунанд, мушкиле пеш хоҳад овард.
“Дар раванди дарёфти раводиди корӣ барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ягон тағйир дида намешавад. Ҳар шаҳрванди хориҷие, ки мехоҳад, қонунӣ дар Туркия кор кунад, вазифадор аст, барои дарёфти раводиди корӣ ҳуҷҷатҳои лозимиро пешниҳод кунад”, - гуфт ӯ.
Соли 2015 ба далели сард шудани муносибатҳои Анқара бо Москва шумори сайёҳони рус дар Туркия коҳиш ёфт ва ин ба бахши сайёҳии он кишвар бетаъсир намонд. Ба назари коршиноси муносибатҳои байналмилалӣ Сардор Йилмаз, тамдиди будубоши бидуни раводид то ба 90 рӯз ҳамгироии иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангиеро дар пай дорад.
“Зеро ин гуна иқдомҳо бовариро миёни кишварҳо боло мебарад. Фикр намекунам, ки шумори муҳоҷирони кории Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро афзоиш диҳад. Чун бештари онҳо талош мекунанд, раводиди корӣ нагиранд ва ғайриқонунӣ кор кунанд. Туркия дар бахши дарёфти раводид барои шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, ба ҷуз аз Туркманистон сабукиҳои зиёд медиҳад ва аз он кишварҳо низ иқдомҳои ҳамсонро мунтазир аст”, - афзуд ӯ.
Бино ба омори моҳи ноябри соли 2018, дар Туркия беш аз 787 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ расман ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин теъдод 383 ҳазори онҳо бо раводиди кутоҳи сайёҳӣ кор мекунанд. Шумори онҳое, ки бо раводиди корӣ фаъолият доранд, ба 56 ҳазор мерасад. Бар пояи омори Вазорати умури дохилии Туркия, аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҳама бештар шаҳрвандони Туркманистон ва Ӯзбекистон барои кор ба он кишвар мераванд.