Натаняҳу вазири дифои Исроил шуд

19 ноября 2018 Натаняҳу вазири дифои Исроил шуд

Сарвазири Исроил Бенёмин Натаняҳу ҳамзамон вазири дифои ин кишвар шуд. Ӯ бо ин кор талош дорад, аз буҳрони сиёсие пешгирӣ кунад, ки дар пайи истеъфои вазири дифои Исроил Авигдор Либерман ба миён омадааст.

Натаняҳу дар як паёми телевизионӣ гуфт, ҳоло дар Исроил вақти он нест, ки интихоботи пеш аз муҳлат баргузор шавад. Ба гуфтаи ӯ, талошҳои тақвияти ҳукумат бо мусоидати интихоботҳои нав дар гузашта натиҷаи дилхоҳ надоданд. Баъди бурунрафти ҳизби Либерман – “Исроил хонаи мост” аз эътилофи аксарият, Натаняҳу дар порлумон ҳанӯз ҳам раъйи аксариятро дар даст дорад.

​Авигдор Либерман 14 ноябр, пас аз эълони оташбас бо гуруҳи "Ҳамос" аз мақоми вазири дифои Исроил истеъфо дод. Ӯ созиши ҳукумати Исроил бо "Ҳамос"-ро "таслим дар пешорӯйи террор" номид. Либерман як ҳафта пеш ба тақвияти амалкардҳо зидди "Ҳамос" даъват карда буд.

Сарвазири Исроил Бенёмин Натаняҳу созишро дуруст, вале мушкил хонд. Ӯ гуфт, "душманон қатъи оташро хоҳиш карданд".

 

фото- © reutar