Мақомоти амниятии Тоҷикистон омори охирин дар бораи шумораи ҷангҷӯёни тоҷик дар сафи гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро эълон карданд.
Бар асоси ин омор, ки ҳафтаи гузашта дар порлумони Тоҷикистон садо дод, 1899 шаҳрванди кишвар ба ҳайси ҷангҷӯи ДИИШ муаррифӣ шудаанд. Ин омор то моҳи сентябри имсол ҷамъоварӣ гардидааст.
Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, охири ҳафтаи гузашта дар порлумон гуфтааст, "мушкили дигар он аст, ки шумораи зиёди оилаҳо дар Сурияву Ироқу Афғонистон қарор доранд. Пас аз кушта шудани саробонашон, занҳо аз даст ба даст гашта, кӯдакон зери таъсири ташкилотҳои террористӣ қарор мегиранд."
Додгоҳҳои Ироқ тайи як соли охир чанде аз занҳои тоҷикро барои пайравӣ аз гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” ва ҳамзистӣ бо ҷангҷӯён ба муддати тӯлонии зиндон маҳкум карданд. Чанде аз кӯдакони онҳоро мақомоти интизомӣ ва Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба кишвар оварда, ба дасти наздиконашон супурданд.
Умаров гуфтааст, шаҳрвандони Тоҷикистон асосан тавассути Туркия ва шаҳрҳои Маскаву Бишкек, Дубай ва Боку ба Ироқу Сурия интиқол ёфтаанд. Бино ба иттилои ӯ, то кунун тақрибан ҳаштод шаҳрванди Тоҷикистон ба Ватан баргардонда шуда, беш аз 1700 нафар таҳти ҷустуҷӯ ҳастанд.
Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нагуфтааст, ки чӣ теъдод аз ҷангҷӯёни тоҷик дар ҷангҳои Ховари Миёна кушта ва чӣ қадар аз занону кӯдакон дар онҷо мондаанд.
Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар соли 2014 дар Сурия ва Ироқ иддаои хилофат кард ва замоне назорати аз се як ҳиссаи қаламрави Ироқ ва бахшҳои калоне аз Сурияро дар ихтиёр дошт. Соли гузашта нерӯҳои ироқӣ дар амалиётҳои пайдарпай онҳоро аз минтақаҳои зери назорат берун ронданд ва дар Сурия низ нуфузи онҳо ба шакли қобили мулоҳиза коҳиш ёфт.
Аммо Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон “доираҳои манфиатдори баъзе кишварҳо”-ро муттаҳам кард, ки ҷангҷӯёни тоҷикро аз Ироқу Сурия ва кишварҳои дигар ба минтақаҳои наздимарзии Афғонистон интиқол дода ва дар онҷо “пойгоҳҳои нав месозанд”.
Дар ин маврид аз ягон кишвари хос ном бурда нашудааст.
Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон моҳи октябр ҳангоми сафараш ба Тоҷикистон дар посух ба суоли инки ҷангҷӯёни ДИИШ чӣ тавр ба Афғонистон расиданд? гуфта буд, "аз ноамние, ки Толибҳо эҷод карданд, ин фурсат ба миён омад, то заминаву ҷо пайдо кунанд."
Гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ”, ки се сол пеш дар Афғонистон зуҳур кард, авзоъ дар ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистонро бадтар кардааст. Ин гуруҳ масъулияти чандин ҳамлаву бомбгузориҳои чанд моҳи гузашта дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистонро бар уҳда гирифт. Танҳо дар як ҳамла ба як маҳалли шианишин дар ин шаҳр дар моҳи августи имсол 45 нафар кушта шуданд.
Ба гуфтаи коршиносон, ҳарчанд хатари ҳамлаи мустақими ҷангҷӯёни ДИИШ аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон кам аст, имкони ҳамалоте ба мисли ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғара дар моҳи июл вуҷуд дорад. Бо вуҷуди онки ҳукумати Тоҷикистон ин ҳамларо кори дасти Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ номидааст.
Ду ҳафта пеш низ гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти ошӯб дар зиндони рақами сеи Хуҷандро бар уҳда гирифт.
Фото - © reutars