Кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи занон дар Созмони Милал ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, ба таҷрибаи “ташхиси бакорат” қабл аз издивоҷ хотима бидиҳад, чунки он як навъи табъизи занон ба ҳисоб меравад.
Кумитаи маҳви табъиз ва хушунати зидди занон рӯзи 12-уми ноябр бо нашри хулосаҳои худ дар бораи тадбирҳои ҳукумати Тоҷикистон барои решакан кардани зӯроварӣ бар бонувон гуфт, “Ислоҳи Кодекси оила дар соли 2016, ки ташхиси тиббии пеш аз издивоҷро ҳатмӣ кард, бино ба гузоришҳо барои анҷом додани ба истилоҳ “ташхиси бакорат” истифода мешавад, ки ин ба худкушӣ дар миёни занони ҷавон мусоидат мекунад.”
Хулоса ва тавсияҳои кумита чанд рӯз баъд аз он нашр шуд, ки ҳайати ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 31-уми октябр дар ҳузури намояндагони ин кумита гузориш дод, ки дар 5 соли гузашта барои аз байн бурдани зӯроварӣ ба зан ва боло бурдани мақоми он дар ҷомеа чӣ корҳоеро анҷом додааст.
Кумита бо изҳори нигаронӣ аз мавҷудияти “ташхиси бакорат” гуфтааст, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд бо ислоҳи Кодекси оила ин таҷрибаро решакан кунад.
Дар кишвар аз соли 2016 ташхиси тиббии пеш аз издивоҷро ҳатмӣ карданд, то ба гуфтаи мақомот, аз никоҳҳои хешутаборӣ ва густариши бемориҳои ҷинсӣ дар миёни ҷавонон пешгирӣ шавад. Аммо теъдоде аз ҷавонон дар баробари ташхиси ҳатмии тиббӣ аз ҳамсарони ояндаи худ мехоҳанд, якбора “ташхиси бакорат” бигзаранд, то маълум шавад, ки пеш аз онҳо бо каси дигаре ҳамхоба нашудаанд.
Аммо бо гузашти ду сол аз ин таҷриба чанд ҳодисаи худкушии духтарони ҷавон мушоҳида шуд, ки як намунаи пурсарусадои он худкушии Раҷаббӣ Хуршеди 18-сола аз вилояти Хатлон буд. Ин духтар баъди 40 рӯзи издивоҷ ба таънаву маломати шавҳараш ки бокира нест, сирко хурд ва даргузашт. Аз ин пештар Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ низ “ташхиси бакорат”- ро як таҷрибаи зиёноваре номид, ки ба қавли ин муассисаи ҷаҳонӣ бояд аз байн бардошта шавад.
Иҷрои тавсияҳои Кумитаи маҳви табъиз ва хушунат ба зидди занон дар Созмони Милал барои Тоҷикистон ҳатмӣ нест, вале кишвар бояд гузориш бидиҳад, ки дар ин самт чӣ корҳоеро ба анҷом расонидааст. Дигар аз тавсияҳои кумита ба Тоҷикистон ин аст, ки боварҳои қадимӣ ва иртиҷоии қадимӣ нисбат ба занонро дар ҷомеа аз байн барад. Огаҳии мардумро боло барад, ки зану мард ҳуқуқи баробар доранд ва яке аз дигарӣ кам нест.
Ба гуфтаи Созмони Милал, зӯроварӣ ба зан дар Тоҷикистон бисёр зиёд аст ва ба ҳадде ки 97 дар сади мардон ва 72 дар сади занон бовар доранд, ки бонувон бояд барои ҳифзи оила зулму ситами шавҳарро таҳаммул кунанд. Кумитаи Созмони Милал гуфтааст, аз он нигарон аст, ки дар Тоҷикистон барои хушунат ба зидди зан аз ҷумла таҷовузи заношӯӣ ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ нашудааст. Ба гуфтаи созмон, мояи дигари нигаронӣ ин аст, ки ҳукумат стротегияи фарогири мубориза бо зӯроварӣ ба занону духтарон надорад. Дар ин замина коршиносони Созмони Милал ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додаанд, ки барои таҷовузи заношӯӣ ҷазои ҷиноӣ таъйин кунад.
Намояндагони Созмони Милал ҳамчунин масъалаи зӯроварӣ ва хушунат ба зидди занони танфурӯш дар Тоҷикистонро бо мақомот дар миён гузошта ва гуфтааст, аз гузоришҳо дар бораи он нигарон аст, ки “маъмурони пулис бо ин гуруҳи занон бадрафторӣ мекунанд, аз онҳо пул меситонанд ва мезананду маҷбур мекунанд, ки аз ташхиси тиббӣ барои маълум кардани бемории норасоии масунияти бадан бигзаранд.”
Созмони Милал аз ҳукумат хостааст, он афсарони пулисро ки чунин рафторро бо занони танфуруш раво мебинанд, ба ҷавобгарӣ кашида ва ҷазои сазовор бидиҳад. Намояндагони созмон ҳамчунин ба ҳукумат тавсия додаанд, ки аз роҳи иҷрои барномаҳои гуногун ба занони танфурӯш имкон бидиҳад, аз ин корашон даст кашида манбаи даромади дигар ёбанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар оғози нишасти кумита рӯзи 31-уми октябр дар ҳузури намояндагони Созмони Милал гуфтанд, ки ҳукумат аз соли 2014 ба ин тараф барои маҳви зӯроварӣ нисбат ба занон ва боло бурдани мақоми бонувон дар ҷомеа даҳҳо барномаҳо қабул кардааст, ки
Стратегияи миллии боло бурдани нақши зан то соли 2020 яке аз онҳост. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ки аз соли 2014 то 6 моҳи аввали соли 2018 дар кишвар барои зӯрварӣ ба занон аз ҷумла таҷовузи ҷинсӣ 927 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва дар ин муддат 600 нафарро барои табъизу зӯроварӣ ва нақзи ҳуқуқи занон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд.