Ба Алексей Навалний иҷозат шуд, ба хориҷ равад

14 ноября 2018 Ба Алексей Навалний иҷозат шуд, ба хориҷ равад

Хадамоти федеролии судиҷрочиёни Русия маҳдудияти ба хориҷ рафтани мухолифи рус Алексей Навалнийро бекор кард.

Дар ин бора хабагузориҳо иттилоъ доданд. Субҳи рӯзи сешанбе ба Навалний иҷозат надоданд, ки ба Франкфурт парвоз кунад. Ин мухолифи рус мебоист дар ҷаласаи Додгоҳи Аврупоии ҳуқуқи инсон дар Страсбург ширкат кунад.

Навалний субҳи 13 ноябр дар фурудгоҳи Домодедовои Москва боздошт ва шиносномааш муваққатан мусодира шуд. Дар фурудгоҳ ба вай огоҳиномаеро нишон доданд, ки Раёсати Хадамоти федеролии судиҷрочиён сафари ӯро ба хориҷ манъ кардааст.

Дар ҳамон ибтидо мухолифи рус гуфт, ки судиҷрочиён нисбати вай даъвое надоранд. Баъдтар вай эътироф кард, ки дар сомонаи ниҳоди мазкур аз 9 ноябри соли ҷорӣ даъвое бо арзиши 2 миллиону 163 ҳазор рубл мавҷуд аст.

Ин ҷаримаи парвандаи дувуми маъруф ба "Кировлес" аст. Навалний барои дуздии дороиҳои ширкати "Кировлес" шартан панҷ сол аз озодӣ маҳрум ва ҷарима шуда буд. Вай бовар дорад, ки парвандаи мазкур ангезаи сиёсӣ дошт.

Баъдтар Навалний дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки ҷаримаи ахирро пардохт кардааст.