29 октября 2019
Ҳукумати Тоҷикистон дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон барои 200 кӯдак боғча месозад. Дар ин бора расонаҳои Ӯзбекистон бо истинод ба як масъули дастгоҳи ҳукумати Фарғона Дилшодҷон Хожиметов иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи ӯ, боғча, ки бо харҷи 4 миллиард сӯм (420 ҳазор доллар) бунёд мешавад, моҳи сентябри соли 2020 мавриди истифода қарор мегирад.
Ёдрас мешавем, миёни Тошканду Душанбе дар ҷараёни сафари давлатии президент Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон созишномае ба имзо расид, ки бар асоси он, Ӯзбекистон дар Тоҷикистон мактабу беморхонаи бисёрсоҳагӣ ва Тоҷикистон дар Ӯзбекистон боғча бунёд хоҳанд кард.