Дар Қазоқистон аз қочоқи 240 кило уран пешгирӣ карданд

29 октября 2019 Дар Қазоқистон аз қочоқи 240 кило уран пешгирӣ карданд

Хадамоти махсуси Қазоқистон дар натиҷаи як рейд дар вилояти Қизилордаи ин кишвар беш аз 240 кило уран мусодира кардааст.

Дар ҷараёни рейд, ки 23 октябр баргузор шуд, ҳамчунин 4 нафар бо гумони қочоқи маводи радиоактивӣ боздошт карданд.

Бар асоси хулосаи мутахассисон, урани мусодирашуда яке аз маводи хатарноки радиоактивӣ буда, ба атрофиён зарари сахт дорад.

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон 28 октябр дар иттилоияи худ гуфтааст, ки урани мазкур аз корхонаи маҳалли коркади маъдан дуздида шудааст. Манбаъ ба хотири халалдор нашудани раванди тафтишот аз ифшои ҷузъиёт худдорӣ кардааст.

Дар ҳудуди Қазоқистон беш аз даҳ ширкати коркарди уран фаъолият мекунад.