Рӯзноманигори ӯзбек баъди бозтоби "пахтачинии иҷборӣ" боздошт шуд

7 октября 2019 Рӯзноманигори ӯзбек баъди бозтоби "пахтачинии иҷборӣ" боздошт шуд

Хабарнигори нашрияи "Ҷамъият"-и Ӯзбекистон Давлатназар Рӯзметов, ки мушкили ҷалби иҷбории оскинон ба маъракаи пахтачиниро бозтоб мекард, 5 октябр дар вилояти Хоразм боздошт шуд. Дар ин бора ҳамсари ӯ Ленинза Алиева иттилоъ дод.

"Шавҳарам соати 11-и нисфирӯзӣ, баъди ним соати рафтанаш аз хона занг зад, ки маро кормандони пулис бо худ мебаранд. Баъд аз ин дигар натавонистам бо вай тамос гирам", - хабар дод Алиева.

Дар ҳоли ҳозир сабаби боздошти Рӯзметов дақиқ нест. "Дар Идораи пулиси вилояти Хоразм нахостанд, дар ин бора суҳбат кунанд. Дар Шуъбаи пулиси ноҳияи Қушкупир низ ҳамин гапро гуфтанд", - афзуд ӯ.

Ёдрас мешавем, Рӯзметов, ки бо матлабҳои танқидияш дар бораи меҳнати иҷборӣ дар Ӯзбекистон маъруф аст, моҳи октябри соли 2018 ба "авбошӣ" айбдор ва ҳафт шабонарӯз ҳабси маъмурӣ шуд. Худи рӯзноманигор гуфт, ӯро барои фаъолияти касбияш "ҷазо" доданд.

​Додситонии кулли Ӯзбекистон низ то ҳол дар робита ба боздошти Рӯзметов изҳоротеро нашр накардааст.