9 ноября 2018
Дар шоҳроҳи Алмато - Тошканд як автобуси мусофирбар тирборон шуд.
Мақомоти интизомии шаҳри Чимкенти Қазоқистон чанд сокини вилояти Туркистони ин кишварро бо гумони тир кушодан ба автобус боздошт краданд.
Мақомот мегӯянд, ҳодисаи тирпарронӣ 5 ноябр рух додааст.
Чанд сокини вилояти Туркистон савори мошин, аз таппонча ба автобус тир кушодаанд.
Дар ҳоли ҳозир нисбати гумонбарон бо моддаи "Авбошӣ" таҳқиқи пешакӣ шуруъ шудааст.