Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи сахттар кардани ҷазо барои таҷовуз ба номусро ба порлумон фиристодааст.
Маҳмадалӣ Ватанзода – ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқӣ – рӯзи 7-уми ноябр гуфт, тағйироти нав асосан ба моддаҳои 138 (Таҷовуз ба номус) ва 139 (Ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ)-и Кодекси ҷиноӣ марбут аст.
Ӯ гуфт, бар асоси тарҳи пешниҳодии ҳукумат, ҷазои онҳое, ки қурбониёни таҷовуз ба номусро ба бемории вируси норасоии масунияти бадан ва СПИД мубтало мекунанд, хеле сангин хоҳад буд.
Муаллифони тарҳ гуфтанд, "ин тағйирот зарурати ҳаётӣ дорад" ва "бо ҳадафи пешгирӣ аз афзоиши ҷинояти таҷовуз ба номус" таҳия шудааст. Дар Тоҷикистон соли 2017 – 53 ҳодисаи таҷовуз ба номус сабт гардидааст, ки дар муқоиса ба соли 2016 нӯҳ ҳолат бештар мебошад.
Ҳоло қонунгузории Тоҷикистон барои таҷовуз ба номус аз се то ҳафт соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Агар ин ҳолат нисбат ба шахси ҳанӯз ба 14-солагӣ нарасида ё хеши наздик сурат гирифтааст, муҷрим метавонад то ба ҳабси абад маҳкум гардад.
Зӯҳро, зодаи ноҳияи Турсунзода мегӯяд, нуҳ сол пеш, дар 16-солагӣ, аз тарафи як ҷавони аз худаш бузургтар мавриди таҷовуз қарор гирифт. Ӯ гуфт, рӯзе ҳангоми бозгашт аз мактаб ин мард бо зӯр ба номусаш дастдарозӣ кард.
“Дар аввал метарсидам, ки инро ошкор кунам, ангуштнамои ҳама мешавам. Аммо ба натиҷае расидам, ки хомӯш наистамм. Ба модарам гуфтам ва мо ба милиса шикоят кардем. Ҳамаи воқеаро пурра фаҳмондам, ҳарчанд ба ёд овардану гуфтанаш осон набуд. Пас аз ин ҳодиса, одами дигар шуда будам. Ба мактаб намерафтам, танҳо ба кӯча намебаромадам. Метарсидам ки дубора ҳодиса такрор нашавад”, - нақл кард ӯ.
Мавзӯи озори ҷинсӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон хеле баҳсбарангез аст. Қонунҳои кишвар барои ингуна ҷиноятҳо ҷазои сангин пешбинӣ мекунанд, вале ин ҷазо дар сурате татбиқ мешавад, ки қурбониҳои ҷиноят дар ин бора садо баланд ва ходимони ҳифзи қонун ҳам ҳамаи шикоятҳоро ҷиддӣ ва мунсифона баррасӣ кунанд.
Онҳое, ки аз маъракаи ахири ҷилавгирӣ аз озори лафзиву таҳқири занон дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе пуштибонӣ карданд, мегӯянд, бадахлоқии ҷавонон нисбат ба духтарону занони роҳгузар ва беҷазо мондани онҳо роҳро ба ҷиноятҳои сангини шаҳвонӣ боз мекунад.
Ҳомиёни ҳуқуқ борҳо талаб кардаанд, ки додгоҳҳои Тоҷикистон нисбат ба муттаҳамони таҷовуз ба номус ҷазоҳои сангин бидиҳанд. Аммо ҷазои сабук додан ба ин гуна шахсон мушкили аслӣ дар ин самт нест. Таҳлилгарон мегӯянд, худи ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ба қабули як қурбонии шиканҷа омода нест ва ба ҷойи дастгирӣ баръакс нисбат ба ӯ аз табъизи лафзӣ кор мегиранд.
Бар асоси омори Кумитаи занони Тоҷикистон соли 2016 дар Тоҷикистон 44 мавриди таҷовузи ҷинсӣ ва дар 6 моҳи соли 2017-ум 26 мавриди таҷовуз сабт шудааст ва дар ин миён 16 таҷовузшуда, духтарони хурдсол будаанд. Ба гуфтаи мақомот, барои таъмини ҳуқуқи занон ва кумак ба онҳое, ки шоҳиди озору азияти ҷинсӣ ва дигар зӯроварӣ шудаанд, дар Тоҷикистон 33 маркази бӯҳронӣ барои бонувон фаъолият мекунанд ва ҷабрдидагон метавонанд, барои гирифтани кӯмак равонӣ ва ҳуқуқӣ ба ин марказҳо муроҷиат кунанд.