Маоши табибони Ӯзбекистонро зиёд карданд

9 ноября 2018 Маоши табибони Ӯзбекистонро зиёд карданд

Дар Ӯзбекистон маоши кормандони соҳаи тибб ва доруфурӯширо зиёд карданд. Дар қарори президенти он кишвар, ки 7 ноябр имзо шуд, омадааст, маош марҳила ба марҳила боло бурда мешавад.

"Маоши кормандони соҳаи тибб ва доруфурӯшӣ сар аз 1 декабри соли ҷорӣ 1,2 маротиба ва аз 1 апрели соли 2019 1,15 баробар боло бурда мешавад", - омадааст дар ҳуҷҷат.

Интизор меравад, ки дар низоми тиббии Ӯзбекистон усулҳои муосири баҳогузории фаъолияти кормандони ин соҳа ҷорӣ карда шавад.

Роҳбарони муассисаҳои тиббӣ ҳақ пайдо мекунанд, ки барои кори пурсамар ба табибон маоши дубаробар диҳанд.