Дар шӯриши шаби гузашта дар зиндони шаҳри Хуҷанд дастикам 22 нафар ба ҳалокат расидааст. То ба ҳол марги ду зиндонбон дар ин ҳодиса тасдиқ шудааст.
Ҳамчунин гуфта мешавад, дар байни зиндониҳо ва нозирони маҳбас теъдоди захмиҳо зиёд аст. Як манбаъ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон рӯзи 8-уми ноябр гуфт, шаш зиндонбони захмӣ ба бемористони вилоятӣ интиқол ёфтанд. Дар бораи теъдоди зиндониҳои маҷруҳ маълумоти дақиқ дар даст нест.
Мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол дар ин бора хабар надода, рақами мушаххасеро дар мавриди кушташудаҳо ва захмиҳо баён накардаанд. Манобеъ мегӯянд, феълан ҳодисаро як кумиссюни махсус таҳқиқ дорад.
Як фарзия ин аст, ки ҳодиса ҳангоми талоши фирори зиндониҳо аз маҳбас рух дод ва ба ҳангоми талоши пешгирӣ аз фирори маҳбусон, ки бархе талош карданд аз девор парида бароянд, даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шудаанд.
Масъулини маҳбаси № 3/3-и шаҳри Хуҷанд, ки шаби гузашта дар онҷо ошуб сар зад гуфтанд, ошуб дар пайи кӯшиши фирори як гуруҳ маҳбусон сар зад. Ин нуктаро масъулини маҳбас дар маросими видоъ бо Эҳсон Ёқубов, як масъули ҳалокшудаи зиндон баён кардаанд.
Як масъули маҳбаси Хуҷанд аз Эҳсон Ёқубов дар маросими ёдбуди ӯ зикр кардааст, ки вай корманди бомасъулият буд. Масъули зиндони Хуҷанд гуфтааст, шаби гузашта як гуруҳи маҳбусон ногаҳонӣ даст ба ошӯб зада, мехостанд аз зиндон фирор кунанд. Аммо ба гуфтаи ин масъули зиндон, “ҷонбозиҳои кормандони маҳбас ба ин кор монеъ шуд.”
Ғайрат Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ, ки дар маросими видоъ бо Ёқубов ширкат кард, баъди анҷоми маросими хоксупорӣ гуфт, имрӯз ба беморхонаи Хуҷанд омада аз чаҳор нафари дигар нозирони маҳбас, ки дар ошуби Хуҷанд ҷароҳат бардоштаанд, хабар гирифтааст. Вай афзуд, ин чаҳор нафар сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳастанд ва шаби ҳавлнок дар маҳбаси Хуҷанд дар роҳи ҷилавгирӣ аз фирори маҳбусҳо кӯшиш ба харҷ додаанд. Азиззода гуфт: “Вазъи саломатии онҳо муътадил аст ва умедворам, ки зуд бармехезанд”.
Зимнан як манбаи дигар саломатии ҷароҳатбардоштаҳоро дар беморхонаи Хуҷанд вазнин арзёбӣ кард. Манбаъ гуфт, ному насаби кормандони маҳбас, ки захмдор шудаанд ба хотири таъмини амнияташон фош карда намешавад. Эҳтимол меравад, ки ин афрод дар паи зарбаҳо бо олоти оҳанин ҷони худро аз даст додаанд. Феълан тасдиқи ин хабар тавассути манобеи дигар имкон надорад.
Ҷасади яке аз нозирони кушташудаи зиндони шаҳри Хуҷанд рӯзи панҷшанбе дар зодгоҳаш – ноҳияи Мастчоҳ – дафн карда шуд. Эҳсон Ёқубови 29-сола чанд сол боз дар маҳбас кор мекард.
Шоҳкарим Муҳаммадиев, раиси маҳаллаи деҳаи Пастиғав рӯзи 8-уми ноябр гуфт, ҷасади Эҳсон Ёқубовро субҳи 8-уми ноябр ба наздиконаш супурданд. Масъулони ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ, маҳалли зисти нозири кушташуда, мегӯянд, Эҳсон Ёқубов баъд аз адои хидмат дар артиш то ин вақт дар зиндон кор мекард. Аз Эҳсон Ёқубов ду фарзанди ноболиғ боқӣ мондааст.
Дар ҳоле ки баъзе аз расонаҳо гуфтанд, зиндониҳо силоҳи нозирони маҳбасро гирифта ва онҳоро захмӣ кардаанд, пайвандони Эҳсон Ёқубов мегӯянд, дар бадани ӯ осори латту кӯб бо ашёи сахт дида шудааст.
Ошӯб дар зиндони рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд шаби 7-уми ноябр ба амал омад. Як манбаъ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон гуфт, "Нирӯҳо зуд ба ҷои ҳодиса рафта, ошӯбгаронро пахш карданд. Онҳо асосан бо силоҳи сард ҳамла карда буданд".