2 ноября 2018
Мақомоти вилояти Дашоғузи Туркманистон ба таври иҷборӣ ҳаққи истифодаи хизматрасониҳои комуналӣ, газ, барқ ва обро аз сокинон меситонанд.
Ба гуфтаи як сокини маҳаллӣ, дар сурати напардохтани ҳаққи истифодаи ин хизматрасониҳо, обу барқу гази сокинон қатъ мешавад.
"Масъулони таъмини газ хона ба хона мегарданд ва расидҳои сокинонро тафтиш мекунанд. Дар сурати пайдо нашудани ҳадди ақал як расиди пешина газро қатъ ва соҳиби манзилро ҷарима мекунанд", - гуфт ин сокин.
Сокинон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир рӯёнидани қарзи сокинон ба таври сартосарӣ ҷараён дорад. Масъулони таъмини газ ҳамроҳ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хона ба хона мегарданд.