Трамп дубора хоҳони сахттар кардани сиёсати муҳоҷирати ИМА шуд

2 ноября 2018

Амрико ба касоне, ки аз гузаргоҳҳои ғайриқонунӣ вориди кишвар мешаванд, ҳаққи паноҳандагӣ намедиҳад.

Дар ин бора рӯзи панҷшанбе дар як нишасти хабарӣ президенти ИМА Доналд Трамп изҳори назар кард. Ба гуфтаи вай, муҳоҷироне, ки қонунро вайрон мекунанд, наметавонанд дар ИМА паноҳанда шаванд.

Вай хабар дод, ки ҳафтаи оянда ҳукумат нақшаи танзими муҳоҷиратро дар ИМА муаррифӣ мекунад.

Чанд рӯзи пеш Трамп гуфт, ки тасмим дорад, моддаи конститутсионии Амрикоро дар бораи додани шаҳрвандии ин кишвар ба ҳар касе, ки дар ҳудуди ИМА таваллуд шудааст, бекор мекунад. Ба ҷуз ин, вай таҳдид кард, ки кумакҳои хориҷиро ба кишварҳои Амрикои Лотинӣ қатъ хоҳад кард. Шаҳрвандони чанде аз кишварҳои Амрикои Лотинӣ ба таври дастаҷамъӣ сӯи ИМА равона ҳастанд.

https://www.centralasian.org