Наимҷон Самиев, узви пешини ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, ки ба 15 соли зиндон маҳкум шуд, гуфтааст, ҳукми додгоҳро ноодилона медонад ва бознигарии онро талаб хоҳад кард.
Бино бар қонунҳои Тоҷикистон, онҳое, ки аз ҳукми додгоҳ норозиянд, метавонанд, ба зинаҳои болоии додгоҳӣ муроҷиат кунанд.
Додгоҳи Исфара рӯзи 9 апрел дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО - и рақами 2-и шаҳри Хуҷанд) Наимҷон Самиеви 56-сола ва раиси пешини бахши ҲНИТ дар Исфараро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ – "ғайриқонунӣ расондан, ҷойгир кардан ва нигоҳ доштани лавозимоти ҷангӣ”, "таълими ифротгароӣ" ва "иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ" – 15 сол зиндонӣ кард.
Абубакр Самиев, падари Наимҷон Самиев як рӯз баъди содир шудани ҳукми додгоҳи Исфара гуфт, умедвори озод шудани фарзандаш буд, вале эълони ҳабс ӯро рӯҳафтода кард. “Адвокаташон аз СИЗО баромада ба мо гуфтанд, ки писарам аз қарори додгоҳ норизоянд. Гуфтаанд, ки аз қарори додгоҳ шикоят мекунанд. Мо ҳам розӣ нестем. Писарам дар мулоқот дар СИЗО ба ман гуфта буданд, ки мақомот ба ӯ ваъда додаанд агар аз рӯи як моддаи 195 ("ғайриқонунӣ расондан, ҷойгир кардан ва нигоҳ доштани лавозимоти ҷангӣ”) айбро ба гардан гирад, ду моддаи дигарро аз парвандааш мегиранд ва бо роҳи афв озод мекунанд. Аммо дар поёни кор ду моддаро бо роҳи сохта ба сараш бор карданд. Мо мехоҳем, ки парвандаи ӯро аз рӯи ҳақ баҳо диҳанд", - гуфт Абубакр Самиев.
Рустам Юнусзода, додраси додгоҳи Исфара, ки парвандаи Самиевро муҳокима кардааст, рӯзи 10 апрел гуфт, дар бораи парванда суҳбат нахоҳад кард. Вай гуфт, "парванда махфӣ нест, вале ӯ ҳаққи суҳбатро надорад".
Абубакр Самиев, падари Наимҷон Самиев баъди боздошти писараш ду бор бо ӯ дар СИЗО-и рақами 2-и Хуҷанд дидор ва суҳбат доштааст. Ӯ нақл кард, ки писараш ҳанӯз соли 2014 - замони иҷозаи фаъолият доштани ҲНИТ тарки Тоҷикистон карда, дар Русия зиндагӣ ихтиёр карда буд. Падар гуфт, ки соли 2015 мақомот манзили зисти онҳоро кофтуков карда, аз дохили ҳавлӣ тири аслиҳа ёфтанд. Вале пайвандони Самиев иддао мекунанд, ки "он тирҳоро ба манзили писарашон партофта, баъдан ёфтани онро эълон карда буданд".
Наимҷон Тоҷизода, муфаттиши парвандаи Самиев дар Додситонии Суғд 21 март дар сӯҳбати мухтасари телефонӣ гуфта буд, ки "фикри айбдорӣ беасос нест" ва "худи Самиев низ яке аз иттиҳомотро эътироф кардааст".
Наимҷон Самиев солҳои 2008-2012 раиси дафтари ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд буд ва баъдан то соли 2014 раиси ин ҳизб дар шаҳри Исфара шуд. Ӯ соли 1988 техникуми шаҳри Исфараро хатм кардааст. Наимҷон Самиев солҳои 2000-2005 як навбат вакили Маҷлиси вилояти Суғд интихоб шуда буд.
Наздиконаш мегӯянд, ӯ аз соли соли 2014 то лаҳзаи боздошт дар Русия мезист. Рӯзи 11 апрел ҲНИТ ҳукми Самиевро ҳамчун "ноодилона" ва "золимона" маҳкум кард.
То ҳол ҳеҷ мақоми давлатӣ омода нашудааст дар бораи қазияи ба Самиев шарҳе бидиҳад.