Бо як тасмими Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноии Вазорати адлия, дар сатҳи раҳбарӣ ва мудирияти зиндону боздоштгоҳҳои муваққатии вилояти Суғд тағйирот сурат гирифт.
Мақомот мегӯянд, нав шудани раҳбарони аксари муассисаҳои ислоҳӣ бар асоси "ротатсия" сурат гирифтааст. Аммо намояндагони созмонҳои ҳуқуқи башар ин тасмимро идомаи ислоҳот дар шароити маҳбасҳо баъди ошӯби пурқурбонии моҳи ноябри соли 2018 арзёбӣ мекунанд.
Мансурҷон Умаров, муовини вазири адлия ва сардори Раёсати ислоҳи ҷазои ҷиноӣ 11 апрел гуфт, тағйирот дар сатҳи масъулони маҳбасҳо зиндони рақами 3-и Хуҷандро фаро нагирифт. Ӯ гуфт, дар ин муассиса тафтишоти ошӯби моҳи ноябр ба анҷом нарасидааст.
"Сардори муассисаи сукунатии воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Фахриддин Мирзоев таъйин карда шуд. Бар асоси ин тағйирот, сардори зиндони рақами 5 Фаррухҷон Ҷалолзода таъйин шуда ва Исматулло Аҳмадзода масъули маҳкамаи тафтишотӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд таъйин гашт", -афзуд Умаров.
Дар вилояти Суғд ду маҳбас ва ду муассисаи тафтишотӣ (СИЗО) вуҷуд дорад, ки ҳама дар шаҳри Хуҷанд ҷойгиранд. Тағйирот дар сатҳи мудирияти зиндонҳо баъди Суғд дар минтақаҳои дигари кишвар ҳам роҳандозӣ мешавад.
Диловар Исмоилов, сардори маҳбаси воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, ки дар забони мардум бо номи “Кирпичний” маъруф аст, гуфт, мудирияти зиндон мисли ҳар кори дигар доимӣ ё меросӣ нест. "Ҳар вақте ки мӯҳлати раҳбарӣ ба анҷом расид, бояд нафари дигар биёяд. Он чи ки бояд бетағйир монад, риояи тартибу низом ва қонун аст", - гуфт ӯ.
Ошӯб дар маҳбаси рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд, шаби 7 ба 8-уми ноябри соли гузашта сар зад. Мақомот мегӯянд, дар ин ҳодиса аз ду тараф беш аз бист нафар кушта шуданд. Қаблан манобеи ғайрирасмӣ теъдоди кушташудаҳоро то панҷоҳ нафар ҳисоб карда буданд.
Таҳқиқи ошӯб дар зиндони Хуҷандро гурӯҳи тафтишотии Додситонии кулли Тоҷикистон анҷом додааст. Мақомоти тоҷик гуфтанд, ошӯбгарон, ки дар миёни онҳо асосан маҳкумшудаҳо барои узвият дар созмонҳои ифротӣ ва мамнӯе ба мисли гурӯҳи “Давлати исломӣ” мебошанд, мехостанд аз зиндон фирор кунанд. Вале манобеи ғайрирасмӣ мегӯянд, ки бадрафторӣ нисбат ба зиндониҳо ва поймолкунии ҳуқуқашон, сабаби аслии сар задани ошӯб гардид.