Бонки Осиёии Рушд (ADB) ба Тоҷикистон тавсия додааст, ки нархи интернетро поин оварда, дастрасӣ ба онро беҳтар кунад. Мақомоти бонк бовар доранд, Тоҷикистон аз ин роҳ метавонад фоидаи бештари иқтисодӣ бардорад.
Ин дар ҳолест, ки бо як қарори Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз рӯзи 27-уми марти имсол нархи интернети мобилӣ 2 баробар боло бурда шуд. Агар нархи як гигабайт интернети мобилӣ дар гузашта ба ҳисоби миёна 30-35 сомонӣ буд, бар асоси нархномаи нав тақрибан 70 сомонӣ аст. Ин нархнома ба хотири музокироти ширкатҳои мобилӣ бо мақомоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳанӯз ба иҷро надаромадааст.
Мардум, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ширкатҳои мобилӣ зидди боло бурдани нархи интернет ҳастанд, аммо Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Кумитаи андози Тоҷикистон ба дурустии он пойфишорӣ доранд. Онҳо мегӯянд, аз ин тариқ ҳам андози бештар мегиранд ва ҳам “амнияти кишварро ҳифз мекунанд”.
Бонки Осиёии Рушд дар гузориши тозаи худ, ки рӯзи 3-юми апрел нашр шуд, асосан вазъи иқтисоди Тоҷикистонро баррасӣ карда ва дар охир дар робита ба рушди интернет ва густариши мухобирот тавсия додааст.
Дар гузориши бонк бо такя ба додаҳо ё маълумоти ширкати Speedtest Тоҷикистон кишваре бо бадтарин суръати интернет эътироф шудааст. Прадип Сривастава, роҳбари Бонки Осиёи Рушд дар ин робита гуфтааст, "Тоҷикистон бо тақвияти инфрасохтори фанновариҳои мухобиротӣ, арзон кардани нархи интернет ва беҳтар кардани сифат, дастгирии сармоягузории хусусӣ дар арсаи алоқа ва боло бурдани сифати таҳсили ҷавонон, метавонад фоидаи бузурги иқтисодӣ бардорад".
Бонки Осиёии Рушд аз сармоягузорони байналмилалии Тоҷикистон аст ва ҳар сол дар иҷрои тарҳҳои гуногун ба кишвар миллионҳо доллар ҷудо мекунад. Аммо маълум нест, ки Тоҷикистон ба тавсияҳои ин бонк гӯш хоҳад дод ё на.