Петр Порошенко, президенти амалкунандаи Украина розӣ шуд, ки бо рақиби интихоботиаш Владимир Зеленский дар варзишгоҳи "Олимпӣ"-и Киев дар мазҳари ом мунозира кунад.
Порошенко ёдовар шуд, ки қонуни интихоботӣ баргузории мунозираҳоро дар толори телевизионҳои ҷамъиятӣ пешбинӣ кардааст, вале ҳамзамон розӣ шуд, ки пешниҳоди Зеленскийро қабул кунад ва мунозираро дар варзишгоҳ баргузор намояд. "Бигзор дар варзишгоҳ бошад. Ман шуморо мунтазирам, Владимир Александрович", - гуфт Порошенко дар як навори видеоӣ, ки дар Твиттер нашр шуд.
Порошенко ҳамчунин дар хитоб ба Зеленский гуфт, ки "президент ва сарфармондеҳ будан" маънои "бозӣ кардан ва ба ҳама писанд шудан"-ро надорад. Мунозираи интихоботӣ - "намоиш нест" ва он "барои дилхушии мардум" барпо намешавад, гуфт Порошенко. Вале бо ин вуҷуд вай розӣ шуд, ки дар варзишгоҳ мунозираву мубоҳиса барпо кунад.
Ахиран Владимир Зеленский изҳор дошт, ки омода аст, пешниҳоди ситоди интихоботии Порошенкоро дар бораи мунозира қабул кунад, вале бо ин шарт, ки мунозира дар варзишгоҳ дар ҳузури ҳазорон сокин баргузор шавад. Шартҳои дигари Зеленский ин буд, ки ҳамаи хабарнигорон иҷозаи ширкат дошта бошанд. Зеленский аз Порошенко талаб кард, ки ӯро на "лухтаки Кремл ё Коломойск", балки "номзад ба мақоми президентии Украина" хитоб кунад.
Комисияи марказии интихоботии Украина рӯзи панҷшанбе шумориши баргаҳои раъйи давраи аввали интихоботро ба поён расонд. Бино ба натиҷаи шумориши баргаҳо, Зеленский бештар аз 30 дарсади раъй ва Порошенко қариб 16 дарсади овози мардумро касб кардааст. Ин ду номзад дар даври дувуми интихобот рӯзи 21 апрел рақобат мекунанд.