Кишварҳои НАТО ба созиш расиданд, ки амалиётро дар баҳри Сиёҳ бо иштироки киштиҳои низомӣ тавсеа бахшида, шумори иштирокдоронро бо Гурҷистону Украина афзоиш диҳанд. Дар ин бора дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг дар як нишасти хабарӣ дар поёни ҷаласаи шӯрои созмон дар Вашингтон хабар дод.
Столтенберг гуфт, ҷонибҳо ҳамчунин розӣ шуданд, ки дар посух ба таҷовузкориҳои Русия Украинаву Гурҷистонро дастгирӣ кунанд. Дабири кулли НАТО ҳамчунин аз Москва даъват кард, ки маллоҳони боздоштшудаи Украинаро дар тангнои Керч озод кунад.
Намояндаи доимии президенти ИМА дар НАТО Кей Бейли Хатчисон пештар гуфта буд, ки қарор аст дар ҷаласаи шӯрои созмон дар робита ба баҳри Сиёҳ тасмимҳое гирифта шавад. Ба гуфтаи ӯ, НАТО мехоҳад, барои таъмини амнияти киштиҳои Украина ҳангоми гузариш аз тангнои Керч киштиҳои бештареро ба минтақа фиристад.
Марзбонони рус 25 ноябри соли гузашта дар соҳилҳои нимҷазираи ишғолии Қрим се киштӣ ва 24 маллоҳи украинро боздошт карданд. Онҳо ба убури ғайриқонунии марзи Русия айбдор шуданд.
Киев ҳодисаро таҷовузкории навбатии Москва номид. Мақомоти рус мегӯянд, ҳамтоёни украинашон дониста даст ба ин ҳангома заданд. ИМА ва кишварҳои Ғарб амали Русияро маҳкум карданд.