Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 17-уми апрел бо як сафари расмӣ озими Русия мешавад.
Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон рӯзи 4-уми апрел гуфт, муҳоҷират аз масъалаҳои муҳими сафари Эмомалӣ Раҳмон аст ва дар ин бора ду созишномаи нав ба имзо мерасад. Ҷаноби Фролов гуфт, яке аз ин созишномаҳо дар бораи интиқоли созмонёфтаи муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ба Русия мебошад.
Сафири Русия ин созишномаро як "санади муҳиме" ном бурд, ки ба раванди муҳоҷирати корӣ заминаи беҳтари ҳуқуқӣ мегузорад. Бо вуҷуди он, ки масъала барои даҳҳо ҳазор хонаводаи тоҷик ва ҳам муносибатҳои байни ду кишвар муҳим шумурда мешавад, сафир Лякин-Фролов дар бораи ҷузъиёти ин санад ва пешомадҳои эҳтимолии масъала суҳбат накард.
Аммо мақомоти тоҷик мегӯянд, созишнома дар бораи муҳоҷират асосан он муҳоҷиронеро дар бар мегирад, ки аз суи идораҳои расмӣ барои кор ба Русия фиристода мешаванд. Як ҳамсуҳбати мо дар мақомоти Тоҷикистон, ки аз раванди омадагиҳои сафари президент ба Русия огоҳ аст, гуфт, баъд аз имзои созишномаи нави муҳоҷират, Русия ба Тоҷикистон руйхати мутахассисонеро, ки барояш лозим аст, мефиристад.
"Аз руи он дар Тоҷикистон мутахассисон омода карда мешаванд. Баъди омода шудан ин гурӯҳи муҳоҷирон аз ҷониби Оҷонсии бакортаъминкунӣ дар хориҷи кишвар ба Русия фиристода мешаванд,”-гуфт манбаъ. Ҳамсуҳбати мо дар Вазорати меҳнат гуфт, созишномаи дуввум мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои бахши муҳоҷирати ду кишвар дар Москва ва Душанберо ба танзим меорад.
Муҳоҷират барои давлати Тоҷикистон, ки қудрати таъмини шаҳрвандонашро бо ҷойи кор дар дохил надорад, масъалаи муҳим аст. Аз Тоҷикистон ба хориҷ солона беш аз як миллион нафар ба муҳоҷират мераванд ва маблағи фиристодаи онҳо чархаи аслии иқтисоди кишвар гуфта мешавад. Аксари муҳоҷирон танҳо таъминкунандаи рӯзгори оилаҳояшон дар Тоҷикистон мебошанд.