Гуфтугӯи ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи таъйин ва аломатгузории марз 6 апрел дар Душанбе ба анҷом расид. Мақомоти тоҷик гуфтанд, дар он, ки беш аз сездаҳ соат идома кард, "ба пешрафт" даст ёфтанд.
Гуфтушуниди ҳайатҳои ду кишвар бо иштироки Азим Иброҳим, ноиби сарвазири Тоҷикистон ва Ҷениш Раззоқов ҳамтои қирғизи ӯ соати 10-и субҳ ба вақти Душанбе дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оғоз шуд ва то нимашаби 6-уми апрел идома кард. Ин музокирот паси дарҳои баста ҷараён гирифт ва хабарнигорон ба он роҳ наёфтанд.
Ҳайатҳо пас аз берун шудан аз толори китобхона бо хабарнигорон суҳбат накарданд. Азим Иброҳим дар суҳбати кутоҳ гуфт, дар музокирот "пешрафтҳое ҳосил шудааст". Аммо ӯ мушаххас аз пешравиҳо суҳбат накард. Муовини нахуствазири Тоҷикистон гуфт, музокирот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт.
Вале Ҷениш Раззоқов, ноиби сарвазири Қирғизистон ва роҳбари ҳайати ин кишвар, бо узри онки “меҳмон аст” нахост, дар бораи гуфтушунид бо мақомоти тоҷик суҳбат кунад.
Раззоқов пештар дар танаффуси мулоқот ба суол дар бораи он ки ба ҳалли минтақаҳои баҳсноки марзӣ то куҷо метавон расид, гуфт, "коршиносон дар ин бора кор мекунанд". Пештар гуфта мешуд, ки коршиносони ду ҷониб гуфтушунидро як рӯз қабл сар карда, тарҳи созишҳоро ба тарафҳо пешниҳод намудаанд.
Барои иштирок дар музокирот дар масъалаи марзӣ аз Қирғизистон ҳайати начандон бузург ба Душанбе омада буд. Аз Тоҷикистон дар ин музокирот намояндагони чанд вазорату идора ва раиси шаҳри Исфара ҳузур доштанд.
Дар ҳамин ҳол Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Исфара, ки минтақаи баҳсии Ворух ба он шомил аст рӯзи 7-уми апрел гуфт, вазъ дар марз пас аз ҳодисаҳои ахир ором аст. Ҷаноби Саломзода дар бораи тафтиши ҳалокати ду сокини Исфара дар низои ахир гуфт, додситонҳои ду кишвар парвандаро таҳқиқ доранд.
Тоҷикистон бо Қирғизистон беш аз 970 километр марз дорад ва аз ин ҳисоб беш аз 470 километри он муайян ва аломатгузорӣ нашудааст. Ҳамин номуайянӣ боис мешавад, ки сари чанд вақт сокинон барои сохтмони роҳ ва обу чарогоҳ бо ҳам даргир шаванд.