Грегуар Манжа, вакили мудофеи швейтсарии Гулнора Каримова 5 апрел дар саҳифаи Твиттер нисбат ба фаъолияти ҳамкасбони ӯзбекистониаш изҳори назар кард.
"Декабри соли 2016. Ба ман бори аввал иҷозат шуд, ки бо Гулнора Каримова мулоқот кунам. Дар Тошканд муҳокимаи дурӯза баргузор шуд. Ин муҳокима беш аз 20 соат давом кард. Ду вакили мудофеъ, ки дар ин парванда ширкат мекарданд, дар ду рӯз ҳарфе ба забон наоварданд. Вакилони хомӯш. Зери фишор. #Адолати ноодилона", - навишт вакили мудофеъ.
Вай ҳанӯз 1 апрел хабар дода буд, ки ба мулоқоти Гулнора Каримова - духтари зиндонии президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов - ба зиндони Зангиота меравад. Грегуар Манжа ҳамчунин 3 апрел аз мақомоти Ӯзбекистон дархост кард, ки дар робита ба муҳлати боқимондаи ҳабси Гулнора Каримова иттилоъ диҳанд.
"Чанд моҳ аст, ки аз мақомоти Ӯзбекистон мепурсем, аз муҳлати зиндони Каримова чанд моҳу соли дигар боқӣ мондааст. То кунун посухе нест", - навишт вай.
Додситонии кулли Ӯзбекистон ахиран хабар дод, ки ба вакили мудофеъ Грегуар Манжа иҷозаи мулоқот бо Гулнора Каримова дода шудааст.
Бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд аз 18 декабри соли 2017 Гулнора Каримова 10 сол зиндонӣ шуд. 1 июли соли 2018 муҳлати ҳукми вай 5 сол кам шуд. Ба иттилои додситонӣ, Каримова аз тартиботи ҳабси хонагӣ сӯистифода кардааст ва биноан, ӯро дубора ба маҳбас интиқол додаанд.
Пештар аз ин хабар расид, ки ширкатҳои Telia, VimpelCom ва МТС дар маҷмуъ барои ворид шудан ба бозори мобилии Ӯзбекистон ба Гулнора Каримова тақрибан 1 млрд доллар пора додаанд.
Вазорати адлияи ИМА низ Гулнора Каримоваро расман дар порагирӣ ва пулшӯӣ айбдор кард.