Ҳукумат пешниҳоди Рустами Эмомалӣ дар бораи шишаҳои сиёҳ ва амниятро қабул кард

27 марта 2019 Ҳукумат пешниҳоди Рустами Эмомалӣ дар бораи шишаҳои сиёҳ ва амниятро қабул кард

Ҳукумати Тоҷикистон сиёҳ кардани шишаҳои ҳамаи намуди нақлиёти мусофирбарро дар кишвар мамнуъ кард. Ин пешниҳодро охири соли гузашта шаҳрдори Душанбе ба Ҳукумат ироа намуда буд

 Дар эзоҳе, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба қарори наваш дар мавриди боло бурдани нархи иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошин ироа кардааст, истифодаи шишаҳои сиёҳ дар мусофирбарҳо мамнуъ гардидааст.

“Додани иҷозати истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира ба воситаҳои нақлиёти сабукрав (таксӣ) ва микроавтобусҳои истифодаи умум манъ аст”, - таъкид шудааст дар эзоҳ ба қарори Ҳукумат аз 1 марти соли 2019.

Охири соли гузашта Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ба Ҳукумат пешниҳод кард, ки барои таъмини амнияти мусофирон дар нақлиёти ҷамъиятӣ истифодаи шишаҳои сиёҳ манъ карда шавад.

Дар ҳамин ҳол бар асоси қарори нави Ҳукумат аз моҳи оянда нархи иҷозатнома барои сиёҳ кардани шишаҳои мошин ҳудуди 27 дарсад боло меравад.

Аз ҷумла арзиши сиёҳ кардани шишаҳои мошинҳои истеҳсолашон то 31 декабри соли 2004 ба 65 нишондиҳанда барои ҳисобҳо - 3 ҳазору 575 сомонӣ баробар шуд. Ин нишондиҳанда барои мошинҳои соли бароришашон аз 1 январи соли 2005 то ҳол 86 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё 4 ҳазору 730 сомонӣ муқаррар шудааст. Нархгузориҳои ҷадид аз моҳи апрел мавриди амал қарор мегиранд. 

То ҳол сиёҳ кардани шишаҳои мошини тавлидаш то 31 декабри соли 2004 муодили 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё 2 ҳазору 750 сомонӣ ва мошинҳои баъди 1 январи соли 2005 ба 62 нишондиҳанда – 3 ҳазору 410 сомонӣ нарх дошт. Ҷузъиёти нархгузориҳои нав ва пешниҳодҳои нисбатан арзонро метавонед, бо зер кардани пайванди зерин мутолиа кунед.