Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон садамаи пурқурбонӣ дар маркази Душанбе бо иштироки Кабир Кабиров, писари 18-солаи Аваз Кабиров, соҳиби бозори “Султони Кабир”-ро шарҳ доданд
Тибқи иттилои Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе, шоми 23 марти соли ҷорӣ, тахминан соати 22:06, ронандаи автомашинаи тамғаи "Лексус-450" рақами қайди давлатиаш 1555 КК 01, Кабиров Кабир Авазхонович, соли таваллудаш 02.11.2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, суръати ҳаракатро баланд карда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
“Кабиров ҳангоми ҳаракат тавассути хиёбони Рудакӣ, аз тарафи кӯчаи Шоҳтемур ба самти кӯчаи Бухоро дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии сохтмонаш нотамоми Хадамоти алоқа бо сабаби баланд намудани суръати ҳаракат аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, аввал ба деворчаи бетонии канори роҳ ва баъдан ба симчӯби оҳанини канори рости роҳбуда бархӯрдааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа мусофирони автомашинаи мазкур Саидов Саидҷаъфар Бахтиёрович, соли таваллудаш 2000 ва Саҳобиддинзода Некзод Мисриддин, соли таваллудаш 2000, истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе ба ҳалокат расидаанд.
“Худи ронанда Кабиров Кабир Авазхонович ва мусофири дигари автомашина Убайдуллоев Саидвалӣ Умаралиевич, соли таваллудаш 2000 бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда шудаанд”, - илова намуд раёсати ВУД Душанбе.
Мақомот таъкид карданд, ки вобаста ба ҳодисаи мазкур нисбати ронанда Кабиров Кабир Авазхонович бо моддаи 212 қисми 3-и Кодекси ҷиноятӣ - вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ва ё зиёда нафар гардидааст, парвандаи ҷиноятӣ таҳти рақами №4070 аз 24 март оғоз карда шуд.
Раёсати ВУД афзуд, ки таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Кабир Кабиров, ки донишҷуи соли якуми факултаи муносибатҳои байналмиллалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад, феълан идома дорад.