Додгоҳи шаҳри Серпухов, мурофиаи нозири минтақавиеро, ки ба шикояти сокинон нисбати Александр Сёмин, муттаҳам дар қатли Ҳувайдои 5-сола хунукназарӣ кардааст, ба таъхир гузошт
ДУШАНБЕ, 7 мар – Sputnik. Нозири минтақавӣ Георгий Кузнетсов қабл аз оғози мурофиа аз додгоҳ хостааст, ки ба далели бемории вакили дифояш баррасии додгоҳии парвандаи ӯ ба рӯзи дигар гузошта шавад. Додгоҳ дархости Кузнетсовро пазируфта, мурофиаи навбатиро 2-юми апрел таъин кардааст.
Георгий Кузнетсов дар он муттаҳам мешавад, ки нисбати шикоятҳои қаблии сокинони кӯчаи Тягова дар мавриди таваҷҷуҳи носолими Сёмин ба кӯдакон ва нишон додани олоти мардияш ба кӯдакони кӯча хунукназарӣ кардааст. Кузнетсов изҳор доштааст, ки дар суроғаи нишондодаи сокинон касеро пайдо накардааст.
Аммо чанде баъд куштори даҳшатовари Ҳувайдо, духтари 5-солаи тоҷик рух дод, ки муттаҳам дар ин ҷиноят Сёмин мебошад.
Кузнетсов ба рӯзноманигорон шарҳе ироа накардааст. Аммо Дагир Хасавов, вакили дифои хонаводаи Ҳувайдо изҳор доштааст, ки тамоми талошро барои муҷозоти нозири минтақавӣ низ анҷом хоҳанд дод, чун хунукназарии ӯ низ барои рух додани ин ҷинояти мудҳиш мусоидат кардааст.
Таҷовуз ва қатли Ҳувайдои 5-сола дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав 22 июли соли 2018 иттифоқ афтод ва ҷасади ӯро 23-юм пайдо карданд. Худи ҳамон рӯз ҷавони 28-солаи сокини Серпухов, Александр Сёминро ба иттиҳоми даст доштан дар ин ҳодиса боздошт намуданд.