Гуруҳи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Арманистон ҳамоиши эътирозӣ баргузор карда, аз Ҳукумати ин кишвар мусоидат барои гирифтани маошашонро дархост кардаанд
Тибқи иттилои расонаҳои Арманистон, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои пахтакорӣ ба Арманистон ҷалб шуда буданд, субҳи 7 март пеши бинои Ҳукумати ин кишвар омада, пардохти маошашонро талаб кардаанд.
Кишоварзони пахтакори тоҷик изҳор доштанд, ки аз ҷониби соҳибкор Гагик Хачикян барои роҳандозии парвариши пахта дар водии Аракс, дар наздикии шаҳри Ечмиадзини Арманистон ҷалб гардида буданд, аммо шаш моҳ шуд, ки маошашонро нагирифтаанд.
Кишоварзони тоҷикистонӣ аз Ҳукумати Арманистон таъмини ҳаққи қонунии онҳоро ба маош дархост карда, изҳор доштаанд, ки дар Тоҷикистон онҳоро хонаводаҳояшон интизоранд.
Пахтакорони тоҷик изҳор доштаанд, ки дар маҷмуъ 10 нафаранд, ки дучори мушкили маош шудаанд. Онҳо афзудаанд, ки 5 нафарашон аллакай ба Тоҷикистон баргаштаанд, аммо боқимонда ҳатто барои баргаштан низ маблағ надоранд.
Феълан назари Гагик Хачикян дар бораи ин қазия маълум нест.
Хачикян тирамоҳи гузашта ба Sputnik Арманистон изҳор дошта буд, ки бо кумаки мутахассисони тоҷикистонӣ, аз ҷумла Абудлло Хайрулло дар водии Аракс парвариши пахтаро роҳандозӣ кард. Дар ҳоле, ки бисёриҳо бовар надоштаанд, Хачикян ва Абдулло Хайруло аз ҳосили хуби пахта дар ин минтақа хабар доданд. Абдулло Хайрулло он вақт изҳор дошта буд, ки тамоми асрори пахтакориро ба Хачикян ва шарикони арманӣ нишон дод, аммо соҳибкори арманӣ шӯхиомез илова кард, ки Абдулло Хайрулло бояд камаш 20 сол дар Арманистон монад, чун ҷавон аст. Ин соҳибкори арманӣ қаблан тайи қариб 20 сол ба содироти пахта аз Тоҷикистон машғул будааст.
Read more: https://sputnik-tj.com/economy/20190307/1028445221/hamoishi-etirozii-tojikon-dar-peshi-hukumati-Armaniston.html