Шарофиддин Гадоев, яке аз мунтақидони шадидлаҳни ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷ, ки ду ҳафта пеш ба таври мармуз дар Душанбе пайдо шуда буд, рӯзи 2-юми март аз фурудгоҳи Франкфурти Олмон паёми кӯтоҳи видеоӣ дод ва гуфт, ба Аврупо баргаштааст.
Ӯ гуфт, ҷузъиёти қазияи "бозгашт"-аш ба Тоҷикистонро ба зудӣ дар шакли изҳорот нашр хоҳанд кард.
"Дуруду салом ҳамватанони азиз ва дӯстони арҷманд. Ба ҳамаи онҳое, ки дар қазияи ман бетараф набуданд, арзи сипос мекунам. Меҳнати шабонарӯзии Шумо буд, ки дар фазои обод ва ором суҳбат карда метавонам. Ба ҳамаи созмонҳо ва кишварҳое, ки садо баланд карданд, ташаккур мегӯям. Шояд соатҳои наздик тафсилоти бештарро расман аз номи Паймони Миллии Тоҷикистон пахш кунем", - афзуд ӯ. Суҳбати Гадоев дар саҳифаи Паймони миллӣ, эътилофи созмони мухолифон дар хориҷ, дар Фейсбук пахш шуд.
Қабл аз он намояндагони мухолифони тоҷик дар Аврупо бо нашри чанд акс тасдиқ карда буданд, ки Шарофиддин Гадоев, узви Паймони миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифини тоҷик дар хориҷ, ба Олмон расидааст ва ба эҳтимоли зиёд ба Ҳолланд хоҳад рафт. Дар яке аз ин тасвирҳо дида мешавад, ки Гадоев дар фурудгоҳи Франкфурт бо Алишер Абдураҳмонов, раиси Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон истодааст.
Шарофиддин Гадоев, ки дар Ҳолланд ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ дорад, рӯзи 15-уми феврали имсол ба таври мармуз дар Душанбе пайдо шуд. Мақомот иддао карданд, ки вай бо хоҳиши худ баргаштааст, аммо мухолифон гуфтанд, ӯро дар Москва рабуда, зӯран ба Душанбе бурдаанд. Шарофиддин Гадоев тақрибан ҳафт сол пеш тарки Тоҷикистон карда буд.
Мухолифон бозгашти Шарофиддин Гадоевро ба Аврупо натиҷаи фишори онҳо ва кишвару созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ба Тоҷикистон медонанд. Тибқи баъзе хабарҳо, ин кор бо миёнравии сафоратҳои ғарбии муқими Душанбе сурат гирифтааст.
Чанд узви собиқи "Гурӯҳи 24" ва манобеи наздик ба мақомоти Тоҷикистон субҳи шанбе хабар доданд, ки Шарофиддин Гадоев, раҳбари пешини Ҷунбиши "Ислоҳот ва рушд" ба Олмон рафтааст.
Файзуллоҷон Сафаров, узви пешини "Гурӯҳи 24" гуфт, Гадоевро субҳи барвақти дувуми март тавассути ҳавопаймои "Сомон Эйр" ба Франкфурт “гусел карданд”. Ба қавли ӯ, "мақомот Шарофиддин Гадоевро авф карданд ва ӯ ба Аврупо баргашт". Маълум нест, ки мақомот иттиҳоми "қочоқи мошин" ва "сохтакории аснод"-ро аз номи ӯ бардоштаанд ё мухолиф буданашро "бахшидаанд".
Худи мақомот дар бори афв ва, ҳамин тавр, бозгашти муовини раиси Паймони Миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифони тоҷик дар хориҷ ҳарфе нагуфтаанд. Як манбаъ дар Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, "Шарофиддин Гадоев аз аввал озод буд". Ҳарчанд пештар аз ин мақомоти Тоҷикистон ба ҷониби Ҳолланд гуфта буданд, ки ӯ дар боздошт аст.
Додситонии кулли Тоҷикистон, ки масъалаи авфи Шарофиддин Гадоевро баррасӣ мекард, дар ин бора ҳеч шарҳ надодааст.
Дар видеои гусели Шарофиддин Гадоев аз Фурудгоҳи Душанбе, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, дида мешавад, ӯро модару хоҳараш ва чанд узви пешини “Гурӯҳи 24” гусел мекунанд.
Оишамо Абдуллоева, модари Шарофиддин Гадоев, рӯзи 2-юми март гуфт, писараш пеш аз сафар ба Аврупо гуфтааст, "дубора ба ватан бармегардад". "Гуфт, ки боз меоям, бармегардам. Аммо кай бармегардад, нагуфт. Аз замони рафта расиданаш ҳам тамос нагирифтааст", - афзуд ӯ.
Шарофиддин Гадоев яке аз чеҳраҳои фаъоли мухолифини тоҷик дар Аврупо буд, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста мақомоти тоҷикро интиқод мекард. Ӯ соли 2015, баъди кушта шудани муассиси созмони “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов, муддате раҳбарии созмонро ба ӯҳда дошт.