Дар Макка зоири 70-солаи тоҷикистонӣ даргузашт

23 февраля 2019 Дар Макка зоири 70-солаи тоҷикистонӣ даргузашт

Душанбе. 22 феврал. ТоҷикТА – Зоири ҳафтодсола, шаҳрванди Тоҷикистон дар Макка ҳангоми ъадоии Ҳаҷҷи умра даргузашт, гузориш медиҳад ТоҷиктА рӯзи ҷумъа.
Бино ба гузориши расонаҳои хабарӣ, Саидшо Ғафуров, сокини шаҳри Ваҳдат рӯзи 19 феврал ҳангоми зиёрати Макка даргузашт.
Аҳли хонавода ва наздикони Ғафуров дархост карданд, ки ӯро дар Макка хоксупорӣ кунанд. Писару ҳамсари Ғафуров дар ин зиёрат ҳамроҳи ӯ буданд.