Додситонии федеролии Ню-Йорк рӯзи душанбе аз кумитаи савгандёдкунии Доланд Трамп ҳаҷми бузурги ҳуҷҷатҳои марбут ба фаъолияти ин кумитаро талаб кард. Дар ин бора як манбаъ аз додситонӣ ба расонаҳо хабар дод.
Аз кумита талаб шудааст, дар бораи ҳамаи онҳое иттилоъ диҳад, ки ба маросими савгандёдкунии президент кумаки молӣ кардаанд, ҳамчунин дар бораи ҳамаи онҳое маълумот диҳад, ки ба маросим даъват шуда буданд. Тафтишот иҷрои корҳои мухталиф, билет барои иштирок дар чорабинии мазкур ва эҳтимоли аксгирӣ бо президентро таҳқиқ мекунад. Тафтишот мехоҳад, ҳуҷҷатҳоеро пайдо кунад, ки дар бораи кумакҳои моддии шаҳрвандони хориҷӣ дар маросими савгандёдкунии президент шаҳодат диҳанд. Чунин кумакҳо ғайриқонунӣ ҳастанд.
Кумитаи савгандёдкунии президент гуфт, омодааст, ба кори додситонии Ню-Йорк кумак расонад.
Додситонии федеролии Ню-Йорк мехоҳад дақиқ кунад, ки 107 миллион доллар дар маросими савгандёдкунии Трамп чи гуна харҷ шуда буд.
Гумон меравад, ки қисме аз ин маблағҳо ғайримақсаднок истифода шуда ва бархе аз кумакрасонҳо дар ивази ёрӣ ба маросими мазкур аз ҳукумати Трамп имтиёз гирифта, дар ҷараёни қабули қарорҳо таъсир расонидаанд.