Вазорат санаи ҷавоб шудани Шӯҳрат Улфатовро аз беморхона гуфт

28 января 2019 Вазорат санаи ҷавоб шудани Шӯҳрат Улфатовро аз беморхона гуфт

Шӯҳрат Улфатов, муҳоҷири тоҷик, ки бар асари таркиш дар шаҳри Магнитогорск маҷруҳ шуд, сешанбеи 29 январ аз беморхонаи вилоятии Челябинск мураххас хоҳад шуд

 Дар ин бора расонаҳои Челябинск аз қавли Вазорати тандурустӣ иттилоъ дода, таъкид кардаанд, ки аз осебдидагони таркиши хона дар Магнитогорск танҳо кӯдаки 11-моҳа дар бемористон таҳти назорати табибон нигоҳ дошта хоҳад шуд.

Хайрухуши Шуҳрат Улфатов бо шуъбаи эҳё: ӯ гуфт, омодаи ҷавоб аз беморхона аст - навор

Қаблан Бахтиёр Султонов, тағои Шӯҳрат Улфатов ба Sputnik гуфт, то ҳол хабари марги ҳамсару фарзандонро аз вай пинҳон мекунанд. Онҳо нақша доранд, ки Шӯҳратро ба Тоҷикистон баранд.

Волидони Шӯҳрат - Тӯтихон ва Маҳмадшо Улфатовҳо, ки ба Русия омадаанд, ният доранд, фарзандашонро баъди мураххас шудан ба Ватан баранд.

Рӯзи 31-уми декабр дар пайи таркиш дар бинои 9-ошёнае дар Магнитогорски Русия 39 тан ҳалок ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ гардиданд. Аз ҷумла  4 шаҳрванди Тоҷикистон - Раҷабмо ва се фарзандаш низ қурбони ҳодисаи рӯзи 31-уми декабр дар Магнитогорск шуданд. Ин хонаводаи тоҷик дар қабати шашуми бино, манзили 365-ум истиқомат мекарданд.  Падари хонавода, Шуҳрат Улфатов дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ шуда буд.



Read more: sputnik-tj.com, фото-© из личного архива Бахтиёра Султонова