Таҷдиди сохтори ширкати “Барқи тоҷик” яке аз ислоҳоти асосии соҳаи энергетикаи Тоҷикистон мебошад
Бонки Осиёи Рушд (БОР) тасмим гирифтааст баҳри ислоҳоти соҳаи энергетикаи Тоҷикистон дасти кумак дароз кунад, хабар додааст дафтари матбуотии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.
Зарурати ногузир: шарҳи "Барқи тоҷик" аз ҷорӣ шудани "лимит" дар минтақаҳои Тоҷикистон
Роҳбари Миссияи Бонки Осиёии Рушд Юки Иной бо раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ Ҳамрализода Фаррух ва Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ мулоқот намуда, дар якҷоягӣ масоили таҷдиди сохтори “Барқи тоҷик”-ро баррасӣ намуданд.
Масъалаи таҷдиди ширкати “Барқи Тоҷик” яке аз қисматҳои асосиии ислоҳоти соҳаи энергетикии кишвар ба шумор меравад.
“БОР дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд ҷиҳати татбиқи ислоҳоти соҳаи энергетикӣ ба Тоҷикистон мусоидат менамояд”, - иброз доштааст Юки Иной.
Боздошти корманди "Барқи тоҷик" барои қаллобӣ
Ёдовар мешавем, ки кишвар масоили таҷдиди сохтори “Барқи тоҷик”-ро дар соли 2012 оғоз намуда буд.
Ҳукумати кишвар тасмим гирифта буд, ки то охири соли 2018 дар заминаи ширкат ду ҷамъияти саҳомӣ – “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва “Шабакаҳои тақсимоти барқ” созад, то ки онҳо мустақилона фаъолият кунанд, аммо ин то ҳол амалӣ нашудааст.
Моҳи феврали соли гузашта маълум гардид, ки ширкати “Барқи тоҷик” хусусӣ гардонида намешавад, чунки ин метавонад натиҷаи манфӣ ба бор орад.
Read more: sputnik-tj.com, фото-© Sputnik Амир Исаев