Шикояти “Таҷеро”: ба арзиши 216 ҳазор сомонӣ озуқа гирифту маблағро надод

28 января 2019 Шикояти “Таҷеро”: ба арзиши 216 ҳазор сомонӣ озуқа гирифту маблағро надод

Ширкати “Таҷеро”, яке аз таъминкунандагони бозори Тоҷикистон бо хӯрокворӣ алайҳи як марди соҳибкор ба милиса шикоят бурдааст

 Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, роҳбарияти “Таҷеро” ба идораи милисаи ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат карда, арз доштааст, ки як соҳибкори қаблан судшуда маблағи ширкатро намедиҳад.

 

Ҳаққи шикори Марко Поло - 80 000 сомонӣ, бузи сибирӣ – 45 000 ва нахчир – 5 000 сомонӣ

Ба иттилои ВУД, раёсати “Таҷеро” изҳор доштааст, ки  моҳи декабри 2018, соҳибкори 31-сола, сокини шаҳри Кӯлоб, ки пеш барои қаллобӣ суд шудааст, ба боварии ширкат даромада, маҳсулоти хӯроквориро ба маблағи 216075 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағро барнагардондааст.

ВУД афзуд, ки ҳамчунин марди 57-сола, сокини пойтахт муроҷиат кардааст, ки соли 2004 марди 65-солаи сокини кӯчаи Қазоқон бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 50 000 доллар  гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Манбаъ таъкид кард, ки феълан аз рӯи ин ҳолатҳо парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.



Read more: sputnik-tj.com, фото-© Sputnik / Амир Исаев